Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар шарқи Украина "рӯзи сукут" эълон шуд


Нерӯҳои давлатии Украина ва ҷудоихоҳони тарафдори Русия мегӯянд, бо ҳадафи мутаввақиф кардани ҷанг дар шарқи кишвар, “рӯзи сукут”-ро риоя мекунанд. Сухангӯи артиши Украина рӯзи 9-уми декабр гуфт, нерӯҳои ҳукуматӣ “тамоми иқдомоти ҷангиро бас карданд ва барои Рӯзи сукут омода шудаанд.” Ӯ афзуд, ки “агар ҷудоихоҳон ҳамла кунанд, мо посух медиҳем.” Ҷудоихоҳони тарафдори Русия, ки вилоятҳои Донестк ва Луҳанскро дар даст доранд, гуфтанд, ки рӯзи сукутро риоят мекунанд. Петро Порошенко, раиси ҷумҳури Украина барномаи оташбасро рӯзи 9-уми декабр эълон кард ва афзуд, ки ин барнома дар созишномаи оташбаси имзошуда дар рӯзи 5-уми сентябр дар Минск шомил шудааст. Петро Порошенко гуфт, мумкин аст, музокироти сулҳ рӯзи 9-уми декабр сурат бигирад, вале раҳбарони ҷудоихоҳон гуфтанд, ки гуфтугӯҳо шояд рӯзи 12-уми декабр баргузор шавад. Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия, гуфт, ки гуфтугӯҳои сулҳ рӯзҳои наздик баргузор мешавад.

XS
SM
MD
LG