Пайвандҳои дастрасӣ

Ш.Шабдолов: "Мушкил дар КМИР нест, дар участкаҳои интихоботист"


Шодӣ Шабдолов, раиси ҲКТ

Шодӣ Шабдолов, раиси ҲКТ

Аҳзоби сиёсии Тоҷикистон дар робита ба ҳайати нави Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ, ки онро парлумон тасдиқ кард, назари яксон надоранд.

Дар иҷлосияи навбатии Маҷлиси намояндагон, ки рӯзи 9 декабр баргузор шуд, вакилон ҳайати нави Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон тасдиқ карданд.

Шодӣ Шабдолов, раиси Ҳизби комуннисти Тоҷикистон мегӯяд, ки дар нисбати аъзои КМИР ҳеҷ эроде надорад, чунки ба назари вай ҳалли сарнавишти интихобот ва раъйи мардум ба Комиссияи марказии интихобот ва ё ҳавзаи интихоботӣ тааллуқ надорад.

Дар робита ба ин, ки дар остонаи маъракаҳои сиёсӣ бидуни тағйирот тасдиқ шудани аъзои КМИР ва ба сари кор омадани ҳамон афроде, ки қаблан буданд, ҷаноби Шабдолов гуфт, ки дар ҳайати КМИР намояндаи онҳо ҳаст ва ҳеҷ мушкиле дар кори аъзои ин ниҳод намебинад. Вай афзуд, коммунистҳо ҳеҷ шикояте дар мавриди аъзои КМИРТ, ки такроран тасдиқ шуданд, надоранд.

Ба назари ҷаноби Шабдолов, мушкил дар КМИР ва ё аъзои он нест, балки дар участкаҳои интихоботӣ аст, ки ҳизбҳои сиёсӣ намояндаи худро надоранд ва вақти раъй додану баршумурдани варақаҳои овоз, бехабар мемонанд: “Борҳо пешниҳоди коммунистҳо ва аҳзоби дигарро дар мавриди ворид кардани намояндагони аҳзоб дар минтақаҳои раъй ҳалли худро пайдо накард.”

Аммо Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон мегӯяд, ки такроран тасдиқ шудани аъзои ҳамешагии КМИРТ ҳатман дар ҷараёни интихобот, ҳини пешниҳоди номзад, тасдиқи номзад дар участкаҳои интихоботӣ ва вақти баршумурдани раъйи мардум, таъсир хоҳад гузошт.

Шокирҷон Ҳакимов, муовини раиси ҲСДТ, ки ин ҳизб дар КМИРТ намояндаи худро надорад, мегӯяд, намояндагони аҳзобе, ки дар КМИРТ тасдиқ шудаанду фаъолият доранд, ақаллиятро ташкил медиҳанд ва аъзои аслии он афроде мебошанд, ки дар идораҳои давлатӣ кор кардаанд ва манфиати ҳукумату президентро ба инобат мегиранд: “Ба 80 дар сади курсиҳои Маҷлиси намояндагони ҷорӣ соҳиб шудани танҳо аъзо ва намояндагони ҳизби ҳокими халқӣ-демократии Тоҷикистон натиҷаи бетағйир мондани аъзои КМИРТ мебошад.”

Имрӯз, сешанбеи 9 декабр, Маҷлиси Намояндагон дар иҷлосияи навбатии худ, ҳайати нави Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистонроро тасдиқ кард. Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 5 ноябр бо судури фармоне таърихи баргузории интихоботи порлумониро ба 1 марти соли 2015 таъин кард. Ҳамчунин худи ҳамон рӯз раиси ҷумҳури Тоҷикистон ҳайати нави пешниҳодшудаи КМИРТ-ро пазируфт, ки намояндагони ҳафт ҳизби сиёсӣ ва афроди ғайри ҳизбӣ шомили ин коммиссия ҳастанд.

Ба ин тартиб, вакилиони Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии порлумони Тоҷикистон бо аксарияти оро ҳайати нави КМИРТ- ро дар раъси Шермуҳамади Шоҳиён, ва муовини ӯ Саидбой Зокиров тасдиқ карданд. Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси КМИРТ зимни суханронӣ дар назди вакилон низ ба баргузории интихоботи шафофу озод ва мутобиқ ба мавозини байналмилалӣ таъкид кард.

Ҷаноби Шоҳиён гуфт, ки қарор аст, ба таърихи 11 декабр КМИРТ бо раҳбарони аҳзоби сиёсӣ нишастеро баргузор кунад, ки ҳадафи ин иқдом, баррасии таклифу пеҳшниҳодоти аҳзоби сиёсии кишвар дар робита ба интихоботи парлумонии моҳи марти соли 2015 хоҳад буд. Ҳамчунин вай гуфт, ки ба таърихи 16 декабр ҳайати нави КМИРТ бо намояндагони расонаҳои дохил ва хориҷ низ нишастеро доир хоҳад кард.

Ин ҳам дар ҳоле, ки рӯзи гузашта нахустин ҷаласаи КМИРТ дар ҳайати нав баргузор шуд ва барномаи амалӣ ин коммиссиюн барои баргузории интихоботи порлумонии 1 марти соли 2015 мушаххас гардид. Ҳамчунин дар ин нишаст эълон гардид, ки ба манзури баргузории интихоботи парлумонӣ дар қаламрави кишвар 41 ҳавзаи интихоботӣ таъсис дода мешавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG