Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози мурофиаи Фирӯз Холиқзода дар додгоҳи Душанбе


Мурофиаи ёвари додситони ноҳияи Исмоили Сомонӣ Фирӯз Холиқзода, ки дар ҳалокати як зани роҳрӯб дар садамаи нақлиётӣ айбдор мешавад, дар додгоҳи шаҳри Душанбе оғоз шуд. Дафтари матбуоти Додгоҳи шаҳри Душанбе рӯзи 9 декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар нимаи аввали имрӯз мурофиаи ёвари додситони ноҳияи Исмоили Сомонӣ Фирӯз Холиқзода таҳти раёсати судя Тоҳирбек Тошбеков баргузор мешавад.

Ба гуфтаи манбаъ, мурофиаи бар асоси аризаи шикояти сокини ноҳияи Сино Мирзо Муродов, ки дар нисбати таъиноти суди ноҳияи Сино дар мавриди афви айбдоршаванда Фирӯз Холиқзода овардааст, сурат мегирад. Ёвари додситон Фирӯз Холиқзода, ки дар ҳалокати роҳрӯби шаҳри Душанбе Зеварбону Пирова айбдор дониста мешуд, барои беэҳтиётӣ ҳангоми ронандагӣ бар асоси Қонуни авф ба муносибати 20-солагии Конститутсия, аз ҷазо озод шуд.

Фирӯз Холиқзода ёвари додситони ноҳияи Исмоили Сомонӣ, ки рӯзи 28 сентябр дар назди меҳмонхонаи "Ҳятт Реҷенсӣ" дар маркази пойтахт бо “Мерседес”-и худ Зеварбону Пироваи 53-соларо пахш карда, боиси ҳалокати ӯ шуд, дар чаҳорчӯби қонуни афв аз боздоштгоҳ раҳо шудааст.

Ба нақли шоҳидони ҳодиса, суръати “Мерседес”-и Холиқзода ҳангоми зарба ба тани зани 53-сола ба андозае баланд буда, ки ҷисми зан пора шудааст. Ду ҳамкори Зеварбону Пирова бо дидани воқеа аз ҳуш рафтаанд. Баъд аз зарба ронанда мошинро бознадошта, аз ҷойи воқеа фирор кард. Шахсияти ронанда танҳо баъд аз як рӯз ошкор гашт ва зоҳиран, расонаӣ шудани воқеа мақомотро водор кард, парванда боз кунанд.

XS
SM
MD
LG