Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Масъулияти кунунии нируҳои Амрико ва НАТО ба поён мерасад


Дар маросиме нируҳои Амрико ва НАТО 8 декабр дар Кобул гуфтанд, ки баъд аз 13 сол ба амалиёти худ дар Афғонистон хотима медиҳанд. Ин нируҳо 8 декабр ба таври расмӣ парчамҳои худро дар Кобул фуруд оварданд ва он ба ин маъност, ки ҳузури онҳо ба таври расмӣ поён ёфтааст.

Генерал Ҷон Кэмпбелл-фармондеҳи нируҳои Амрико ва НАТО дар ин маросим гуфт, масъулияти нави нируҳо барои ҳимоят аз нируҳои Афғонистон бештар ба омӯзиш додан ва ҳимоят аз нируҳои афғонӣ тамаркуз хоҳад дошт. Ин масъулияти нав аз 1 январ оғоз меёбад.

Моҳи гузашта намояндагони порламони Афғонистон қонунеро дар бораи идомаи ҳузури нируҳои Амрико ва НАТО дар Афғонистон ба тасвиб расонданд ва онҳо акнун баъд аз якуми январи соли 2015 бо масъулияти нав дар ин кишвар боқӣ хоҳанд монд.

Тибқи ин қонун дар Афғонистон 12 500 нафар ниру боқӣ мемонад. Соли 2011 дар ин кишвар 140 000 нируи хориҷӣ мустақар буд. Аксари нируҳое, ки боқӣ мемонанд, нируҳои амрикоӣ хоҳанд буд.

XS
SM
MD
LG