Пайвандҳои дастрасӣ

Номаи 43 созмони ғайридавлатӣ ба президент Атамбаев


Раҳбарони 43 созмони ғайридавлатии Қирғизистон дар номае аз Алмазбек Атамбаев-раиси ҷумҳури худ хостаанд, ки ба созмонҳои ғайридавлатӣ фишор наорад.

8-декабр дар номаи худ онҳо гуфтаанд, ки раиси ҷумҳур иштибоҳи руасои ҷумҳури пешинро такрор накунад. Атамбаев дар мусоҳибаи телевизионии худ 1 декабр гуфт, ки фаъолияти созмонҳои ғайридавлатӣ ба амнияти кишвар “хатар дорад”.

Дар ин нома омадааст, ду раиси ҷумҳур, ки дар бораи чунин хатар сӯҳбат карда буданд, саранҷом худашон аз саҳнаи сиёсӣ дур афканда шуданд.

XS
SM
MD
LG