Пайвандҳои дастрасӣ

Русия интиқоли газ ба Украинаро оғоз мекунад


Володимир Демчихин-вазири энержии Украина мегӯяд, Киев интизор дорад, ки Русия интиқоли газ ба Украинаро аз 8 декабр оғоз мекунад. Вай дар ин бора шоми 7 декабр аз телевизион изҳорот пахш кард. Ин дар ҳолест, ки Киев ба Русия барои моҳи декабр 378 миллион доллар арзиши газро ба ширкати давлатии “Газпром”-и Русия пешпардохт кардааст.

“Газпром” таъйид кардааст, ки ин пул ба Русия соати 02:00 рӯзи 6 декабр ба вақти маҳаллӣ интиқол ёфтааст ва аз моҳи июн ба ин сӯ бори аввал роҳ барои интиқоли газ ба Украина боз шудааст. Моҳи июн Маскав барои пардохт нашудани қарзҳо интиқоли газро қатъ карда буд.

Ҳоло Русия мехоҳад, ки Украина нархи газро пешпардохт намояд. Бино ба мувофиқатномае, ки моҳи октябр “Газпром”-и Русия ва “Нафтогаз”-и Украина имзо карда буданд, Русия дар давоми 48 соати баъд аз пардохти пул бояд интиқоли газро оғоз кунад.

Киев дар пардохти пул таъхир кард, вале чунин ба назар мерасад, ки сармо водор сохт, ки барои прдохт аз захираҳоли молии худ истифода барад.

XS
SM
MD
LG