Пайвандҳои дастрасӣ

Силсилабоздидҳои Атамбоев аз кишварҳои Халиҷ поён меёбад


Атамбаев дар Арабистони Саъудӣ

Атамбаев дар Арабистони Саъудӣ

Алмазбек Атамбаев-раиси ҷумҳури Қирғизистон ба силсилабоздидҳои як ҳафтаи худ аз кишварҳои Халиҷи Форс хотима медиҳад. Охирин боздиди вай аз Доҳа-пойтахти Қатар анҷом гирифт.

Хадамоти матбуотии раиси ҷумҳур гуфт, ки 8 декабр Атамбоев дар бораи боз кардани сафоратхонаи Қирғизистон дар Доҳа-пойтахти Қатар фармоне имзо кардааст. Дар ин фармон гуфта мешавад, ки корҳои омодагӣ барои боз кардани сафорат бояд дар давоми як моҳ ба поён расад.

Атамбоев ҳафтаи гузашта низ ҳамин гуна фармон дар бораи боз кардани сафоратхона дар Абу Дабӣ-пойтахи Имороти Муттаҳидаи Араб имзо карда буд.

Раиси ҷумҳури Қирғизистон дар давоми як ҳафта аз Арабистони Саъудӣ, Имороти Муттаҳидаи Араб ва Қатар боздиди корӣ анҷом дод. Дар ин се кишвар ҳазорон нафар шаҳрвандони Қирғизистон кор мекунанд.

XS
SM
MD
LG