Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Моғеринӣ бо Туркия музокира мекунад


Федерика Моғеринӣ

Федерика Моғеринӣ

Хонум Федерика Моғеринӣ-масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо аз Туркия боздид мекунад, то ҳамкориҳои наздик барои мубориза бо тундравҳои Давлати Исломиро баррасӣ намояд ва аз Туркия бихоҳад, ки таҳримҳои зидди Русияро вайрон накунад.

Рӯзҳои 8 ва 9 декабр Моғеринӣ ва мақомоти дигари баландпояи Иттиҳодияи Аврупо аз Туркия даъват мекунанд, ки убуру мурури тундравҳои хориҷӣ тавассути марзҳои худ ба Сурияро боздорад.

Моғеринӣ мегӯяд, ин боздид “нишонаи қаввӣ дар муносибатҳои стротегии миёни Туркия ва Иттиҳодияи Аврупо мебошад, ки аз соли 2005 то ҳол идома дорад”.

Туркия ба таҳримҳои Ғарб бар зидди Русия ҳамроҳ нашуд ва ҳоло Иттиҳодияи Аврупо мехоҳад, ки ин кишвар барои бӯҳрони Украина ба ин таҳримҳо бипайвандад ва ё ҳадди ақал ба Русия молу коло содир накунад.

Ҳафтаи гузашта Владимир Путин-раиси ҷумҳури Русия дар ҷараёни боздиди хеш аз Туркия эълон кард, ки сохтмони лулаи гази самти Ҷанубро бозмедорад ва бартарӣ медиҳад, ки як лулаи мушобеҳ аз наздикии марзи Туркия бигзарад.

XS
SM
MD
LG