Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳоии боз шаш маҳбус аз зиндони Гуантанамо


Шаш тан аз маҳбусони зиндони амрикоии Гуантанамо баъди аз 12 соли ҳабс озод карда шуданд. Пентагон рӯзи 7 декабр хабар дод, ки чаҳор шаҳрванди Сурия, як шаҳрванди Тунис ва як фаластинӣ ба Уругвай интиқол меёбанд – дар ин кишвар ба онҳо мақоми паноҳандагӣ дода мешавад. Ҳамаи онҳо соли 2002 бо гумони робита бо шабакаи “Ал-Қоида” боздошт шуда буданд, аммо алайҳашон иттиҳоме эълон нашуд.

Ба навиштаи хабаргузории Associated Press, раисиҷумҳури Уругвай Хосе Мухика гуфтааст, ки ба маҳбусони собиқи Гуантанамо барои мутобиқ шудан ба зиндагӣ дар кишвар кӯмак мекунанд.

Ин охирин иқдоми Кохи Сафед дар чаҳорчӯби бастани маҳбаси Гуантанамои воқеъ дар пойгоҳи низомӣ дар Куба аст. Айни ҳол дар ин маҳбас 136 нафар боқғӣ мондаанд.

Моҳи гузашта панҷ маҳбуси дигари Гуантанаморо Гурҷистон ва Словакия қабул карда, ба онҳо ҳаққи иқомат доданд. Умар Абдуллоев, ё Муҳаммадӣ Давлатов танҳо маҳбуси тоҷик аст, ки дар боздоштгоҳи Гуантанамо боқӣ мемонад. Ӯ ҳанӯз соли 2002 аз Покистон ба инҷо оварда шудааст. Майкл О‘Ҳара, вакили дифои Умар Абдуллоев, рӯзи 10-уми ноябр дар як посухи катбӣ ба Радиои Озодӣ навишт, “шахси зери ҳимояти ман ҳанӯз дар Гуантанамо аст ва ҳеҷ гуна парвандаи ҳуқуқӣ нисбати ӯ вуҷуд надорад.”

XS
SM
MD
LG