Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷон Керрӣ аз Теҳрон хостори раҳоии Ҷейсон Ризоиён шуд


Ҷейсон Ризоиён ва хонумаш Ягона Солеҳӣ
Ҷейсон Ризоиён ва хонумаш Ягона Солеҳӣ

Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷии Амрико, рӯзи 7 декабр эълом дошт, ки аз қонуншиканиҳо дар тафтиши парвандаи хабарнигори “Washington Post” дар Теҳрон Ҷейсон Ризоиён, зери фишори ҷисмониву равонӣ қарор гирифтан ва ба хадамоти тиббиву вакили дифоъ дастрасӣ надоштани ӯ сахт нигарон аст. Ҷон Керрӣ ин гуна бархӯрдро - “нақзи қавонини Эрон ва меъёрҳои ҳуқуқии байнулмилалӣ” номид ва хостори фавран раҳо кардани Ҷейсон Ризоиён шуд.

Додгоҳи Теҳрон рӯзи шанбе, 6 декабр, алайҳи Ҷейсон Ризоиён расман иттиҳом эълон кард. Рӯзномаи “Washington Post” бо такя ба манобеи худ навиштааст, ки ҷаласаи додгоҳ тақрибан даҳ соат идома дошт ва Ризоиён санадро дар бораи мӯтавои иттиҳом имзо кард. Аммо маълум нест, ки хабарнигор дар чӣ ҷурме айбдор мешавад.

Ҷейсон Ризоиён, амрикоии эронитабор, рӯзи 22 июл ҳамроҳ бо хонумаш Ягона Солеҳӣ боздошт шуда буд. Ягона Солеҳӣ, ки низ хабарнигор аст, баъдан бо пардохти гаравпулӣ раҳо карда шуд.

XS
SM
MD
LG