Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Меркел Русияро дар эҷоди мушкил барои баъзе кишварҳо айбдор намуд


Ангела Меркел, садри аъзами Олмон, Русияро дар дахолат ба умури кишварҳое айбдор кард, ки талоши наздикшавӣ бо Иттиҳодияи Аврупоро доранд.

Ӯ рӯзи якшанбе дар сӯҳбат бо нашрияи олмонии Die Welt гуфт, Русия барои Молдова, Гурҷистон ва Украина, ки созиши ҳамгироӣ бо Иттиҳодияи Аврупоро имзо кардаанд, мушкил эҷод мекунад. Хонум Меркел ба низоъҳои мунҷамидшуда дар Ҷумҳурии Соҳили Днестр, Абхозистон ва Осетияи Ҷанубӣ ва аъмоли Маскав дар шарқи Украина ишора кардааст.

Ба гуфтаи ӯ, Русия талош дорад, ки кишварҳои ғарбии нимҷазираи Балканро низ пойбанди манфиатҳои сиёсӣ ва иқтисодии худ кунад.

Дар робита ба кишварҳои соиҳли Балтик садри аъзами Олмон изҳор намуд, ки дар ин минтақа “гап сари ҷанг намеравад”. Ҳамзамон ӯ таъкид намуд, ки бар пояи банди 5-и Созиш дар бораи НАТО, ҳамла ба яке аз кишварҳои узви Паймон ҳамла ба ҳама кишварҳои узв шумурда мешавад, аз ин рӯ, афзуд хонум Меркел, дар сурати зарурат кишварҳои соҳили Балтик аз кӯмаки низомӣ бархӯрдор хоҳанд шуд.

XS
SM
MD
LG