Пайвандҳои дастрасӣ

Бедодгариҳои "Хагулит" дар соҳилҳои шарқии Филиппин


Тӯфони “Хагулит” рӯзи якшанбе дар шаҳри Таклобан, воқеъ дар соҳилҳои шарқии Филиппин, бедодгарӣ кард. Як сол бар асари тӯфони “Ҳайяан” дар ин шаҳр ҳазорҳо тан аз скоинони маҳаллӣ ба ҳалокат расида буданд.

Ба гуфтаи шоҳидон, “Хагулит” биноҳое зиёдеро хароб кард ва дарахтҳое зиёдеро аз беху бун барканд. Хатти интиқоли барқ ва робитаи телефонӣ дар шаҳр қисман хароб шудааст. Садҳо парвоз аз фурудгоҳи шаҳр лағв шуда, мақомоти ҳаракати киштиҳоро мутаваққиф карданд.

Мутахассисон мегӯянд, ки ҳаракати шамол 195 километр дар як соат буд, баланди мавҷҳои баҳр ба чанд метр мерасид.Дар бораи қурбониёну осебдидагон аз ин офати табиӣ алҳол иттилоъ нарасидааст.

Тақрибан ним миллион нафар аз скоинони Талобан маҷбур шуданд, ки манотиқи назди соҳилро тарк кунанд. Мақомоти Филиппин бузургтарин дар солҳои ахир маъракаи кӯчонидани мардумро ташкил карданд. Бар асари офати табиӣ артиши Филиппин дар ҳолати омодабош қарор гирифт.

XS
SM
MD
LG