Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати як раҳбари "Ал-Қоида" аз зарбаи ҳавопаймои бесарнишин дар Покистон


Бар асари зарбаи ҳавопаймои бесарнишини амрикоӣ ба як махфигоҳи ситезаҷӯён дар манотиқи бо Афғонистон ҳаммарзи Покистон дасти кам чаҳор нафар кушта шуданд.

Ба гуфтаи як низомии покистонӣ, дар ин ҳамла ба як манзил дар мавзеи Хайр Тангии ноҳияи Даттахели Вазиристони шимолӣ, ки рӯзи якшанбе, 7 декабр, сурат гирифт, ду нафари дигар ҷароҳат бардоштанд. Ин низомӣ ба хабаргузории Рейтер гуфтааст, ки миёни чаҳор нафари кушташуда Умар Форуқ ё Устод Форуқ, раҳбари бахши матбуоти шабакаи “Ал-Қоида” дар Афғонистону Покистон ҳам ҳаст.

Як рӯз дар бораи кушта шудани дигар аз раҳбарони аршади шабакаи “Ал-Қоида” дар манотиқи қабиланишини шимолу ғарби Покистон хабар расид. Дар изҳороти вазорати мудофиаи кишвар гуфта шудааст, Аднон ал-Шукриҷумъа рӯзи 6 декабр, дар як амалиёти артиш дар минтақаи Шинварзаки Вазиристони ҷанубӣ ба ҳалокат расид. Дар ин амалиёт як сарбози ҳукуматӣ кушта шуд ва як низомии дигар ҷароҳат бардошт.

Ба навиштаи хабаргузориҳо, Аднон ал-Шукриҷумъа раҳбари амалиёти Ал-Қоида дар кишварҳои хориҷиро бар ӯҳда дошт –то ҳамлаҳо ба Ню-Йорк ва Вошингтон дар рӯзи 11 сентябри соли 2001 ин вазифа бар дӯши Холид Шайх Муҳаммад буд.

XS
SM
MD
LG