Пайвандҳои дастрасӣ

Боздошти ҳавопаймои русӣ бо силоҳи ғайриқонунӣ дар Нигерия


Дар Нигерия як ҳавопаймои боркаши русӣ, ки халабонҳояш бо фаронсавӣ ҳарф мезананд, боздошт шуд. Ҳавопаймо бидуни иҷоза дар фурудгоҳи шаҳри Кано, воқеъ дар шимоли Нигерия, фуруд омад ва ҳангоми тафтиш дар дохили он силоҳи қочоқӣ ошкор шуд.

Фармондеҳони нерӯҳои ҳарбӣ-ҳавоии Нигерия боздошти ҳавопайморо таъид карданд ва аммо аз ироаи ҷузбғъиёти бештар худдорӣ намуданд. Ҳавопаймо аз шаҳри Бангӣ, пойтахти Ҷумҳурии Африқои Марказӣ ба шаҳри Нҷамен, пойтахти Чад парвоз мекард ва чун ҳавопаймои Нҷамен муваққатан баста буд, маҷбур шуд, ки дар Кано фуруд ояд.

Дар дохили ҳавопаймо ду чархбол, зиреҳпӯш ва қуттиҳои зиёд, ки дар онҳо эҳтимолан силоҳ аст, пайдо гардид. Панҷ халабон барои пурсуҷӯ ва дар чаҳорчӯби тафтиши сабабҳои интиқоли ғайриқонунии техникаву силоҳи низомӣ ва ба кӣ мансуб будани онҳо боздошт шудаанд.

XS
SM
MD
LG