Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Теҳрон алайҳи хабарнигори Washington Post иттиҳом эълон шуд


Додгоҳи Теҳрон алайҳи хабарнигори рӯзномаи Washington Post Ҷейсон Ризоиён расман иттиҳом эълон кард. Хабарнигори тобистони ҳамин сол дастгир шуда буд. Ба иттилои нашрия, ҷаласаи додгоҳ рӯзи шанбе, 6 декабр, тақрибан даҳ соат идома дошт. Ризоиён санадро дар бораи мӯтавои иттиҳом имзо кард, аммо то ҳол Washington Post дар бораи он ки хабарнигораш дар чӣ ҷинояте айюдор мешавад, иттилоъ надорад.

Чанд рӯз пеш мӯҳлати ҳабси хабарнигори амрикоӣ то моҳи январи соли 2015 тамдид шуд – мақомоти додситонӣ гуфтанд, ки тафтиши парванда идома дорад.

Ҷейсон Ризоиён, амрикоии эронитабор ва шаҳрванди Эрону Амрико рӯзи 22 июл ҳамроҳ бо хонумаш Ягона Солеҳӣ боздошт шуда буд. Ягона Солеҳӣ, ки низ хабарнигор аст, баъдан бо пардохти гаравпулӣ раҳо карда шуд.

XS
SM
MD
LG