Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама куштори Люк Сомерсро "амали ваҳшиёна" номид


Барак Обама, раисҷумҳури ИМА, куштори ваҳшиёнаи хабарнигори гаравгонуфтодаи амрикоӣ Люк Сомерс аз сӯи мусалалҳони “Ал-Қоида”-ро маҳкум кард. Люк Сомерс ҳангоми амалиёти наҷоти гаравгонҳо дар Яман эъдом шуд.

Барак Обама дар як изҳорот рӯзи шанбе 6 декабр таъкид кард, ки Вошингтон барои наҷоти амрикоиҳо дар хориҷи кишвар аз ҳама чораҳо кор мегирад.

Аз ин пеш Чак Ҳейгел, вазири дифои Амрико, ки айни ҳол дар Афғонистон қарор дорад, тайид намуд, ки хабарнигор Люк Сомерс ҳамроҳ бо як гаравгони дигар аз сӯи мусаллаҳони “Ал-Қоида” кушта шудаанд.

Ду рӯз пеш гурӯҳи Ал-Қоида дар нимҷазираи Араб навори видеоии Люк Сомерсро нашр кард ва таҳдид кард, ки агар Вошинтон талабҳои онҳоро иҷро накунад, ин гаравгон баъд аз се рӯз эъдом мешавад. Талабҳои гурӯҳ номаълум боқӣ мондаанд.

Хабарнигор Люк Сомерсро моҳи сентябри соли 2013 дар Санъо, пойтахти Яман, гаравгон гирифта буданд.

XS
SM
MD
LG