Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

"Guardian": Теҳрон зарбаҳо ба мавқеъҳои ситезаҷӯёнро тасдиқ кард


Як мансабдори воломақоми эронӣ тайид кард, ки ҳавопаймоҳои ҷангии кишвараш бо дархости ҳукумати Ироқ ба мавқеъҳои гурӯҳи “Давлати исломӣ”зарба задаанд.

Дар ин бора нашрияи Guardian, чопи Лондон, хабар дод. Муовини вазири умури хориҷии Эрон Иброҳим Раҳимпур дар сӯҳбат бо ин нашрия тайид кардаааст, ки “зарбаҳои ҳавоӣ бо ҳадафи дифоъ аз манфиатҳои дӯстони мо дар Ироқ анҷом шудаанд”. Иброҳим Раҳимпур гуфтааст, ин амалиёт бо ИМА, ки ҳавопаймоҳояш ба мавқеъҳои “Давлати исломӣ” дар Сурияву Ироқ зарба мезананд, ҳамоҳанг карда нашудааст.

Барои нахустин бор як мансабдори эронӣ даст доштани Теҳрон дар зарбаҳои ҳавоӣ дар мавқеъҳои “Давдати исломӣ” дар вилояти Диёли Ироқро тайид мекунад. Аз ин пеш мақомоти эронӣ хабарҳо дар бораи ин гуна зарбаҳо ба қаламрави Ироқро рад мекарданд.

XS
SM
MD
LG