Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чак Ҳейгел бо як сафари ғайримунтазира вориди Афғонистон шуд


Чак Ҳейгел, вазири дифои ИМА, бо як сафари қаблан эълоннашуда ба Афғонистон омад. Дар сӯҳбат бо хабарнигорон дар Кобул рӯзи 6 декабр, Ҳейгел гуфт, Афғонистон дар даҳ соли ахир роҳи тулониеро тай кард ва ӯ мутмаин аст, ки нерӯҳои амниятии кишвар баъд аз хурӯҷи нерӯҳои НАТО дар охири соли равон қудрати пирӯзӣ аз болои “Толибон”-ро хоҳанд дошт. Вазири дифои ИМА бо мансабдорони воломақоми Афғонистон дидору гуфтугӯ мекунад.

Ин охирин сафари Чак Ҳейгел ба Афғонистон дар симати раҳбари Пентагон аст. Қарор аст, ки ӯ ба зудӣ мақомашро тарк кунад – раисиҷумҳур Барак Обама рӯзи 5 декабр номзадии Эштон Картер ро ба мақоми вазири дифои ИМА пешбарӣ кард. Эштон Картер дар гузашта муовини вазири дифои Амрико ва масъули таъмини нерӯҳои мусаллаҳ бо силоҳу лавозимот буд, вале таҷрибаи кори низомиро надорад.

Сафари ғайриинтизори Чак Ҳейгел ба Афғонистон дар ҳоле сурат гирифт, ки рӯзи якшанбе бар асари як ҳамлаи толибон дар вилояти Ҷузҷон се корманди полис кушта шуданд. Дар арафаи хурӯҷи нерӯҳои НАТО ситезаҷӯён ҳамлаҳо ба кормандони полис ва амниятии Афғонистонро тақвият бахшидаанд.

XS
SM
MD
LG