Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳалокати як раҳбари аршади "Ал-Қоида" дар Вазиристони ҷанубӣ


Afghanistan -- Afghan security officials inspect the

Afghanistan -- Afghan security officials inspect the

Низомиёни покистонӣ аз кушта шудани яке аз раҳбарони аршади шабакаи “Ал-Қоида” дар манотиқи қабиланишини шимолу ғарби кишвар хабар доданд. Дар изҳороти вазорати мудофиаи кишвар гуфта шудааст, Аднон ал-Шукриҷумъа рӯзи якшанбе, 6 декабр, дар як амалиёти артиш дар минтақаи Шинварзаки Вазиристони ҷанубӣ ба ҳалокат расид. Дар ин амалиёт як сарбози ҳукуматӣ кушта шуд ва як низомии дигар ҷароҳат бардошт.

Мақомоти ИМА Шукриҷумъаро дар талоши ташкили инфиҷор дар метрои Ню-Йорк айбдор мекунанд. Ба гуфтаи мақомоти федеролӣ, Шукриҷумъа ва се нафари дигар барои ташкили ин ҳамла дар манотиқи қабиланишини Покистон тамрини вижа дида буданд.

Ба навиштаи хабаргузориҳо, Аднон ал-Шукриҷумъа раҳбари амалиёти Ал-Қоида дар кишварҳои хориҷиро бар ӯҳда дошт –то ҳамлаҳо ба Ню-Йорк ва Вошингтон дар рӯзи 11 сентябри соли 2001 ин вазифа бар дӯши Холид Шайх Муҳаммад буд.

XS
SM
MD
LG