Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аврупо омода аст сохтмони Лулаи гази Ҷанубро баррасӣ кунад


Марос Шефцович-Кумиссари нави Аврупо дар умури энерҷӣ ба радиои озодӣ гуфт, ки агар Русия муқаррароти Иттиҳодияи Аврупоро рият кунад, метавонад сохтмони лулаи гази Ҷанубро давом диҳад. Вай дар мусоҳибае 5 декабр гуфт, ки Иттиҳодияи Аврупо омода аст, ки интиқоли газ тавассути лулаи гази зери Баҳри Сиёҳро баррасӣ кунад, вале Русия бояд муқаррароти Иттиҳодияи Аврупоро эҳтиром кунад ва шикоятҳои худро роҷеъ ба Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат канор гузорад.

1 декабр Владимир Путин-раиси ҷумҳури Русия дар ҷараёни боздидаш аз Туркия баъд аз мулоқот бо Реҷеп Тайип Эрдуғон-раиси ҷумҳури Туркия гуфт, ки Русия аз идомаи сохтмони лулаи гази самти Ҷануб даст мекашад. Вай Иттиҳодияи Аврупоро муттаҳам кард, ки гӯё ба сохтмони он мухолиф аст.

Аммо Кумиссиюни Аврупо дар умури энерҷӣ изҳор дошт, ки омода аст ин масъаларо баррасӣ кунад.

XS
SM
MD
LG