Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоизаҳои ФФТ ба беҳтаринҳои соли 2014 супурда шуд


Tajikistan,Dushanbe city, Tajikistan Football Federation awards to bests in 2014, 5December2014
Tajikistan,Dushanbe city, Tajikistan Football Federation awards to bests in 2014, 5December2014

Имрӯз, 5-уми декабр дар Душанбе маросими супурдани ҷоизаҳои ФФТ (Федератсиюни футболи Тоҷикистон) ба беҳтаринҳои мавсими футболи соли 2014 баргузор шуд.

Федератсиюни футболи Тоҷикистон дар як маросими ботантана, ки рӯзи 5-уми декабр дар шаҳри Душанбе, дар Маҷмааи давлатии “Кохи Ваҳдат”, доир шуд, беҳтаринҳои мавсими футболи соли 2014-ро бо ҷоизаҳо сарфароз кард.

Дар ин маросим нахуст Рустами Эмомалӣ, раиси Федератсиюни футболи Тоҷикистон, дар бораи натоиҷи мавсими имсола гузориш дод. Дар гузориши солонаи Федератсиюни футболи Тоҷикистон, аз ҷумла зикр шудааст, ки соли 2014 соли футболи оммавӣ эълон гашта буд. Дар маросими тақдими ҷоизаҳои Конфедератсиюни футболи Осиё (AFC), ки 30-юми ноябр дар пойтахти Филиппин – шаҳри Манила баргузор шуд, Тоҷикистонро ҳамроҳ бо Филлипину Ҳинд бо ҷоизаи махсуси президенти AFC барои рушди футбол байни кӯдакону наврасон ва футболи оммавӣ қадрдонӣ карданд.

Рустами Эмомалӣ гуфт, ки “ин ҷоиза барои инкишофи футбол дар кишвар бисёр муҳим аст. “ Ба гуфтаи ӯ дар чорабиниҳои соли оммавии футбол дар Тоҷикистон тақрибан 20 ҳазор кӯдакону наврасон ширкат карданд ва барномаҳои зиёди дигаре барои инкишофи футбол иҷро шуд.

Дар ин маросим ба тими “Истиқлол”-и Душанбе, ки дар мусобиқоти қаҳрамонии кишвар байни дастаҳои лигаи олӣ барои бори севум ба унвони қаҳрамони Тоҷикистон мушарраф гашт, медалҳои тилло супурда шуд. Дастаи “Хайр”-и Ваҳдат барои ҷойи дувум бо медалҳои нуқра ва тими «Далерон-Ӯротеппа»-Истаравшан барои ҷойи севум бо медалҳои биринҷӣ сарфароз гаштанд.

Ҳайатҳои ҷавонони “Истиқлол”-и Душанбе бо медалҳои тилло, “Вахш”-и Қӯрғонтеппа бо медалҳои нуқра ва «Далерон-Ӯротеппа»-Истаравшан бо медалҳои биринҷӣ сарфароз гаштанд.

Се дастаи беҳтарини лигаи аввал – “Саройкамар”-и ноҳияи Панҷ, “Кӯктош”-и ноҳияи Рӯдакӣ ва Исфара”-и шаҳри Исфара мутаносибан бо медалҳои тилло, нуқра ва биринҷӣ мукофотонида шуданд.

Дар ин маросим, инчунин ба беҳтарин футболбозону мураббиён ҷоизаҳои ФФТ супурда шуд. Нуриддин Давронов, нимҳимоятгари “Истиқлол”-и Душанбе, бо ҷоизаи “Беҳтарин бозигари соли 2014” сарфароз гашт. Дилшод Восиев, ҳамлагари дастаи “Истиқлол”, бо ҷоизаи “Беҳтарин нишонзани мусобиқаи лигаи олӣ” (15 гол) мукофотонида шуд. Мубин Эргашев, сармураббии “Истиқлол”, беҳтарин мураббии сол эътироф гашт.

Ба ғолибон аз рӯи номинатсияҳои дигар низ ҷоизаҳои ФФТ тақдим гардид.

Лауреатҳои мавсими соли 2014:

Дарвозабони беҳтарин – Алишер Тӯйчиев («Истиқлол»).

Ҳимоятгари беҳтарин – Идибек Ҳабибуллоев («Хайр»).

Нимҳимоятгари беҳтарин – Фатҳулло Фатҳуллоев («Истиқлол»).

Нишонзани беҳтарин – Дилшод Восиев («Истиқлол») – 15 тӯб.

Мураббии беҳтарин – Мубин Эргашев («Истиқлол»).

Довари беҳтарин – Хуршед Дадобоев (Хуҷанд).

Беҳтарин легионери чемпионати Тоҷикистон – Соломон Течи («Далерон-Ӯротеппа»).

Беҳтарин мураббии кӯдакон – Ҳикмат Фузайлов (Академияи КФ «Истиқлол»).

Беҳтарин мураббии лигаи аввалИдибек Ғаффоров («Саройкамар»).

Беҳтарин футболбоззан – Муниса Мирзоева (МҶМОВ).

Беҳтарин бозигари футзал – Шерзод Ҷумъаев («Бонки миллӣ»).

Беҳтарин мураббии футзал – Мирзонаҷот Назаров («Бонки миллӣ»).

Беҳтарин дарвозабони футзал – Фирӯз Бекмуродов («ДИСИ-Инвест»).

Беҳтаринлегионери футзал – Носир Ҳоҷӣ («ДИСИ-Инвест»).

Беҳтарин бозигар байни кӯдакони солҳои таваллудашон 2001-2002– Муҳаммадворис Сайдалиев («Авиатор»).

Беҳтарин бозигар байни наврасони солҳои таваллудашон 1999-2000– Аваз Қамчинов («Равшан»).

Беҳтарин бозигар байни наврасони солҳои таваллудашон 1997-1998– Шаҳбоз Ҳусейнов (МҶМОВ).

Беҳтарин футболбози Тоҷикистон-2014 – НуриддинДавронов («Истиқлол»).

XS
SM
MD
LG