Пайвандҳои дастрасӣ

Барак Обама вазири нави дифоъро пешбарӣ мекунад


Эштон Картер

Эштон Картер

Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико номзади мади назари худро барои ишғоли курсии вазири дифои Амрико эълон мекунад. Мақомоти ҳукумати Обама дар аввали ҳафта гуфта буданд, ки раиси ҷумҳур Эштон Картер-физикдон ва муовини пешини вазири дифоъро вазири дифоъ пешбарӣ мекунад.

Агар Сенати Амрико номзадии Эштонро дар ин мақом ба тасвиб расонад, вай чаҳорумин вазири дифоъи давраи раёсати Обама дар шаш соли охир хоҳад буд. Вай дар ин мақом Чак Ҳегелро иваз мекунад, ки 24 ноябр баъд аз тақрибан ду соли кор аз мақомаш истеъфо дод.

Вазири нав ба чолишҳое дар баробари ташдиди фаъолияти тундравҳои Давлати Исломӣ, таҷовузи Русия ба Украина ва Чини пурмуддао рӯ ба рӯ хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG