Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ташаббуси Порошенко дар бораи "Рӯзи сукут" дар Украина


Петро Порошенко
Петро Порошенко

Петро Порошенко-раиси ҷумҳури Украина барои нигоҳ доштани даргириҳо дар шарқи Украина ташаббуси нав эълон кардааст. Дар эъломияе, ки дар торнамои раиси ҷумҳур ба нашр расидааст, Порошенко мегӯяд, ки низомиёни Украина аз 9 декабр, яъне дар “Рӯзи сукут” оташ нахоҳанд кушод.

Порошенко мегӯяд, ки ин тадбир дар чаҳорчӯбаи тавофуқоти оташбас анҷом мегирад, ки 5 сентябр дар Минск имзо шуда буд. Хабаргузории РИА “Новости”-и Русия аз номи раҳбарони ҷудоихоҳи ҷонибдори Русия дар минтақаҳои Донетску Луҳансктаъйид мекунад, ки ин тадбир дар чаҳорчӯбаи оташбаси Минск гирифта шудааст, вале маълум нест, ки он иҷро хоҳад шуд ё хайр.

Аз 5 сентябр ба ин сӯ, яъне аз замони эълони оташбас бештар аз1000 нафар дар даргириҳои дуҷониба кушта шудаанд.

XS
SM
MD
LG