Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздиди расмии Олланд аз Қазоқистон оғоз шуд


Франсуа Олланд ва Нурсултон Назарбоев ҳангоми пазироӣ дар Остона
Франсуа Олланд ва Нурсултон Назарбоев ҳангоми пазироӣ дар Остона

Франсуа Олланд-раиси ҷумҳури Фаронса 5 декабр барои боздиди расмии дурӯза вориди Остона-пойтахти Қазоқистон шуд. Вай шоми рӯзи ҷумъа пеш аз сафар ба Алмаато бо Нурсултон Назарбоев-раиси ҷумҳури Қазоқистон дидор ва гуфтугӯ мекунад.

Human Rights Watch ё Дидбони Ҳуқуқи Башар аз Олланд хостааст, ки дар ҷараёни мулоқот бо мақомоти расмии Қазоқистон нигарониҳо аз вазъи ҳуқуқи башар дар Қазоқистонро низ ба миён ниҳад.

3 декабр ин созмон дар эъломияе гуфт, ки “баъзе нигарониҳо” аз вазъи ҳуқуқи башар дар ин кишвар вуҷуд дорад, аз ҷумла бидуни муҷозот мондан барои шиканҷа, ба ҳабс андохтани мунаққидони давлат ва зери назорат даровардани озодии баён ва матбуот.

XS
SM
MD
LG