Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Қарордоди CASA-100. Тоҷикистон 70% ва Қирғизистон 30% барқ содир мекунанд


Маросими имзои қарордоди интиқоли барқ аз Тоҷикистону Қирғизистон ба Покистон.

Маросими имзои қарордоди интиқоли барқ аз Тоҷикистону Қирғизистон ба Покистон.

Тоҷикистону Қирғизистон ва Афғонистону Покистон созишномаи ниҳоии тарҳи CASA -1000-ро пас аз як муҳлати тӯлонӣ ба имзо расонданд.

Чаҳор кишвари минтақа --Тоҷикистон, Қирғизистон, Афғонистон ва Покистон рӯзи 4-уми декабр дар шаҳри Истанбули Туркия ба қарордоде имзо гузоштанд, ки бар пояи он 1000 мегаватт барқ ба Покистон интиқол дода мешавад. Зери ин қарордод, муовини аввали нахуствазири Тоҷикистон Давлаталӣ Саидов ва вазирони энержии Қирғизистон, Афғонистон ва Покистон имзо гузоштаанд.

“Созишномаи таърихие дар Истамбул ба имзо расид, ки содироти 1000 МВт барқ аз Осиёи Марказӣ ба Покистонро фароҳам мекунад”. Ин аввалин хабар аз Истамбул буд, ки дар сафҳаи Твиттери Хоҷа Муҳаммад Осиф, вазири обу энержии Покистон падид омад.

Бино ба ин созишнома, Покистон солона 1000 МВт нерӯи барқро бо қимати 9,35 сент сари 1 кВт аз Тоҷикистону Қирғизистон ворид мекунад. Афғонистон аз ин хат 300 МВт-ро дарёфт хоҳад кард, ки бар сари қиматаш бояд бо Тоҷикистону Қирғизистон созишномаи алоҳида бандад. Инчунин тавофуқ шудааст, ки Тоҷикистон 70% ва Қирғизистон 30% - и ҳаҷми интиқоли барқ тариқи CASA – 1000-ро таъмин кунанд.

Муовини аввали нахуствазири Тоҷикистон Давлаталӣ Саидов ва вазирони энержии Афғонистон, Покистон ва Қирғизистон.

Муовини аввали нахуствазири Тоҷикистон Давлаталӣ Саидов ва вазирони энержии Афғонистон, Покистон ва Қирғизистон.

Сохтмони ин хат соли 2015 бояд оғоз шавад ва соли 2018 ба охир мерасад. Бино ба нақшае, ки тасдиқ шудааст, барои амалӣ кардани CASA-1000 бояд хатти интиқоли 500 киловата аз зеристгоҳи “Датка”-и Қирғизистон то Хуҷанди Тоҷикистон (475 км), зеристгоҳи интиқолдиҳандаи 1300 мегавата дар Сангтӯда, хатти баландшиддати барқи 750 километра аз Сангтӯда ба Кобули Афғонистон ва Пешовари Покистон, зеристгоҳҳои интиқолдиҳандаи 300 мегавата дар Кобул ва 1300 мегавата дар Пешоварро анҷом диҳанд.

Аммо ин суол низ матраҳ аст, дар ҳоле, ки Тоҷикистон эҳтиёҷоти дохилии худро бо барқ бароварда наметавонад, аз кадом ҳисоб 70 дарсади барқи CASA-1000-ро таъмин мекунад? Рашид Гулов, узви Гурӯҳи кории CASA-1000 рӯзи 5-уми декабр дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, бино ба тавофуқоте, ки аз оғоз ҳосил шудааст, ин хат бояд барқи зиёдатии кишварҳои Осиёи Марказиро ба Осиёи Ҷанубӣ интиқол диҳад: “Дар ҳоли ҳозир лоиҳаи CASA-1000 дар назар дорад, ки дар фасли тобистон тайи панҷ моҳ-май, июн, июл, август ва сентябр ҳамон барқе, ки талаботи дохилӣ надорад, ба Покистону Афғонистон фурӯхта шавад. Вақте ба реҷаи солона мегузарем, ки неругоҳҳои дигар ҳам фаъол шуда, эҳтиёҷоти дохилӣ бароварда шаванд.”

Захираи барқи Тоҷикистон, ба иттилои расмӣ, беш аз 500 миллиард кВТ соат аст, аммо ҳамагӣ 5% истифода мешавад. Ҳамзамон кишвар зимистон аз барқ шадидан танқисӣ мекашад ва тобистон наметавонад барқи зиёдатиашро бифурӯшад. Усмоналӣ Усмонов, вазири энержӣ ва захираҳои оби Тоҷикистон қаблан иттилоъ дода буд, ки тобистони соли равон рӯзона то 7 миллион кВТ ба Афғонистон бо нархи 3,7 сент ва ба Қирғизистон бо қимати 2 сент барқ фурӯхт. Дар умум, ба қавли вазир, Тоҷикистон натавонист 4 миллиард кВТ барқро бифурӯшад. Ба гуфтаи ӯ, дар фасли тобистон аксари нерӯгоҳҳо бо иқтидори пурра кор намекунанд, вагарна ин имкон вуҷуд дорад, ки рӯзона 1 то 1,5 ҳазор МВт ё 15 миллион кВТ ба хориҷ содир кунад.

Тоҷикистон ба умеди Роғун аст.

Тоҷикистон ба умеди Роғун аст.

Ҳомидҷон Орифов, коршинос дар умури энержӣ, мегӯяд, баҳрабардории куллӣ аз CASA-1000-ро ба ҳамин наздикӣ даст нахоҳад дод, зеро то он замон корҳои зиёде ҳаст, ки бояд иҷро шаванд, аз ҷумла ба анҷом расонидани сохтмони неругоҳи Роғун: “Соли 2028 ё 2030, агар насибамон бошад, мо пурра ин хатро бо барқ таъмин карда метавонем. Агар пеши дарёро бандем, баъди чор сол ду агрегат ба кор медарояд. Ин нафаси моро мекушояд. Дохил таъмин мешавад. Аммо камбуди зимистонаро бо ин пӯшида намешавад. Ин кор замоне мешавад, ки агар нерӯгоҳ пурра ба кор дарояд. Он гоҳ CASA-1000 ҳам таъмин мешавад.”

Дар ҳамин ҳол, масъулин ба мушкилоти худи тарҳ низ ишора мекунанд, аз ҷумла сармоягузории он. Ба қавли онҳо, қисмати афғонистонии тарҳро Бонки ҷаҳонӣ ва покистониашро худи ҳукумати Покистон ба зимма гирифтаанд. Тоҷикистон ба 313 миллион доллар зарурат дорад. Бештар аз нисфи ин маблағ барои сохтмони зеристгоҳи 1300 мегаватаи Сангтӯда зарур аст, ки беш аз 150 миллион доллар сармоя мехоҳад. Бақияи маблағ ба сохтмони 231 километр хати барқ сарф мешавад.

Алҳол барои ин тарҳ Бонки ҷаҳонӣ 45, ҳукумати Тоҷикистон 15, Агентии рушди Амрико ё USAID - 7,5 миллион доллар додаанд. Бонки Осиёии Рушд то чор соли оянда 70 миллион доллар ваъда кардааст. Ба қавли мақомот, Фонди Кувайт, кишварҳои араб ва Бонки таҷдиду рушди Аврупо аз сармоягузорони билқувваи ин тарҳ дар Тоҷикистон ҳастанд.

Ба ин суол, ки ҳар як киловати барқ тариқи CASA-1000 барои Тоҷикистон чӣ қадар хоҳад тамом шуд, мақомот посух надоданд. Аммо бино ба иттилои расонаҳои покистонӣ, Тоҷикистон сари ҳар киловат аз Покистон 5 сент мегирад. Ин манобеъ мегӯянд, Афғонистон барои транзит 2 сент талаб дорад, аммо созишнома бо Покистонро ҳанӯз имзо накардааст.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG