Пайвандҳои дастрасӣ

Имрӯз беҳтаринҳои мавсими имсолаи футболи Тоҷикистон бо ҷоизаҳо сарфароз мешаванд

Имрӯз, 5-уми декабр дар Душанбе маросими супурдани ҷоизаҳои ФФТ (Федератсиюни футболи Тоҷикистон) ба беҳтаринҳои мавсими футболи соли 2014 баргузор мешавад.

Федератсиюни футболи Тоҷикистон дар як маросими ботантанаи ҷоизасупорӣ, ки рӯзи 5-уми декабр дар шаҳри Душанбе, дар Маҷмааи давлатии “Кохи Ваҳдат” доир мешавад, беҳтаринҳои мавсими футболи соли 2014-ро бо ҷоизаҳо сарфароз хоҳад кард.

Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсиюни футболи Тоҷикистон, дар ин маросим, ки ҳамчунин мавсими имсолаи футбол дар кишвар натиҷагирӣ хоҳад шуд, беҳтарин бозигари соли 2014 муайян мешавад. Инчунин ғолибон аз рӯи номинатсияҳои «беҳтарин мураббӣ, «беҳтарин бозигари футзал», «беҳтарин футболбоззан», «беҳтарин довар» ва ғайра эълон шуда, бо ҷоизаҳо мукофотонида мешаванд.

Инчунин Федератсиюни футболи Тоҷикистон ғолибони мусобиқоти қаҳрамонии лигаҳои аввал ва олии Тоҷикистонро бо ҷоизаҳо сарфароз мегардонад.

XS
SM
MD
LG