Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Марги фоҷиавии як муҳандиси соҳаи барқ дар Душанбе


Шабакаи барқдиҳии ноҳияи Сино мегӯяд, корманди он -- Аҳлиддин Саидови 28-сола ҳангоми васл кардани симҳои гусастаи барқ дар минтақаи Калинини пойтахт аз зарбаи барқ ҷон додааст. Сиддиқ Аминов сардори Шабакаи Барқдиҳии ноҳияи Сино имруз 4 декабр ба радиои Озодӣ бо тасдиқи ин хабара гуфт, ки Аҳлиддин Саидов дар маҳаллаи Калинини пойтахт қабл аз таъмири хатти барқ дистпечери минтақавиро дар ҷараён нагузошта, ба таъмири симҳои кандашудаи дорои неруи барқ машғул шуд, ки дар натиҷа бар асари расиши симҳо ба ҳалокат расид. Вай афзуд, Аҳлиддин дорои маълумоти олӣ буд ва аз кормандони беҳтарини Шабакаи барқдиҳӣ, аммо дистпечарро огоҳ накарда, ба маҳали ҳодиса рафт, ки дар натиҷа ҳодисаи нохуш рух додааст. Аҳлиддин Саидов корманди Шабакаи барқдиҳии ноҳияи Сино сокини маҳаллаи Хуҷамбиёи пойтахт ва соҳиби се фарзанд будааст. Аммо наздикони Аҳлиддин Саидов мегӯянд дируз ҳафти даргузашти ӯро додаанд ва аз асли воқеъа хабар надоранд. Онҳо мегуянд аз Шабакаи барқдиҳӣ гуфтаанд, ки бинобар беэҳтиётӣ ба ҳалокат расидааст. Онҳо ин эҳтимолро рад намекунанд, ки марги Аҳлиддин ҳангоми ногаҳон пайваст кардани хатти барқ рӯй дода бошад. Соли гузашта низ дар ноҳияи Сино дар вақти таъмири барқ корманди дигари шабакаи барқдиҳии Сино кушта шуд ва ба хотири рух додани ин ҳодиса мақомоти ҳукумати ноҳияи Сино раиси шабака Маснавӣ Маҳмадшоевро барканор кард.

XS
SM
MD
LG