Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Давлати исломӣ дар Либия тамрингоҳ таъсис додааст


Девид Родригес, генерали амрикоӣ, гуфт, ҷангҷӯёни созмони Давлати исломӣ дар шарқи Либия тамрингоҳҳо таъсис додаанд ва Иёлоти Муттаҳида онҳоро мушоҳида мекунад. Дейвид Родригес, фармондеҳи нерӯҳои Амрико, дар Африқо рӯзи 3-уми декабр дар Вашингтон ба хабарнигорон гуфт, мумкин аст, дар онҷо чандсад нафар ҷангҷӯ омӯзиш мегиранд. Ӯ фаъолиятҳои созмони Давлати исломиро дар инҷо “навруста” номид ва нагуфт, ки чанд пойгоҳ таъсис шудааст. Девид Родригес афзуд, ки ҳоло ин пойгоҳҳо ҳадафи эҳтимолии ҳамлаҳои ҳавоии Амрико нестанд. Ба қавли ӯ Амрико дар Либия нерӯи заминӣ надорад.

XS
SM
MD
LG