Пайвандҳои дастрасӣ

Путин гуфт, Қрим барои Русия "муқаддас" аст


Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия дар паёми солонааш ба порлумон гуфт, ки нимҷазираи Қрим барои Русия «муқаддас» аст ва мисли он ки зиёратгоҳҳои Байтулмуқаддас барои яҳудиён ва мусулмонон муқаддас аст. Ӯ афзуд, Русия соли гузашта имтиҳонеро паси сар кард, ки танҳо “миллати болиғ ва воҳид” метавонист гузарад. Владимир Путин дар ҳузури мақомоти баландпоя, рӯҳониёни мӯътабар ва дигар шахсиятҳои шинохтаи Русия дар Кохи Кремл суханронӣ дорад ва аз ҳозирони нишаст барои ҳимояташон сипосгузорӣ кард. Суханронӣ аз тариқи телевизионҳои давлатӣ мустақим намоиш дода мешавад. Бар изофаи нишасти хабарии солона ва муколамаи мустақими телевизионӣ бо мардум, Владимир Путин паёми солонааш ба порлумонро барои нишон додани худ ба ҳайси як раҳбари қавии Русия истифода мекунад. Дар суханронии имсола ғолибан Владимир Путин ба мардум хоҳад гуфт, ки амалкардҳои Русия дар Украина дуруст аст. Муноқиша дар ин кишвар муносиботи кишварҳои ғарбӣ ва Русияро бад кардааст. Ӯ мумкин аст, барои ором кардани мардум талош кунад, ки аз поён омадани қурби рубли русӣ нигарон шудаанд. Ва ҳамчунин қотеъияти худро дар баробари таҳримоти Иттиҳодияи Аврупо ва Амрико алайҳи Русия нишон бидиҳад.

XS
SM
MD
LG