Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҷон Керрӣ ва Сергей Лавров мулоқот мекунанд


Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷии Амрико ва Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия, рӯзи 4-уми декабр дар Швейтсария мулоқот мекунанд ва бӯҳрони Украина як мавзӯи баҳсашон аст. Дидори ду вазир дар шаҳри Базел дар ҳошияи нишасти Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо сурат бигирад. Ин созмон масъули назорат бар иҷрои созиши оташбас миёни нерӯҳои Украина ва ҷудоихоҳон дар шарқи кишвар аст, ки рӯзи 5-уми сентябр имзо шудааст. Аммо бо вуҷуди ин байни ду тараф дар атрофи фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Донетск, ки дар дасти ҷудоихоҳон аст, даргирӣ сурат мегирад. Рӯзи 2-уми декабр созиши оташбаси нав ҳукми иҷро гирифт, ки сари он мақомоти низомии Украина ва Русия ба мувофиқа расиданд. Вале баъди ин нерӯҳои Украина гуфтанд, ки ҷудоихоҳон ба онҳо ҳамла кардаанд. Шӯрои Амнияти Миллии Украина гуфт, баъди ҳамла ба фурудгоҳи Донетск ҷудоихоҳони тарафдори Русия талафоти зиёд додаанд.

XS
SM
MD
LG