Пайвандҳои дастрасӣ

Тоҷикистон ва Афғонистон хостори густариш равобити фарҳангӣ шуданд


Масъалаҳои марбут ба таҳкими ҳамкориҳои байни парлумонҳои Тоҷикистон ва Афғонистон дар дидори сарони палатаҳои поёнии порлумонҳои ду кишвар баррасӣ шуд.

Рӯзи 4 декабр мулоқоти раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бо Раиси Вулусӣ-ҷиргаи Шӯрои миллии Афғонистон Абдулрауф Иброҳимӣ, ки бо сафари расмӣ дар Душанбе ба сар мебарад, баргузор шуд. Ду тараф дар навбати аввал масъалҳои марбут ба таҳкими ҳамкориҳои байни парлумонҳои Тоҷикистон ва Афғонистонро баҳс карданд.

Ба гуфтаи котиби матбуотии Мачлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов раиси МН Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров иброз дошт, ки “Тоҷикистону Афғонистон кишварҳои фарҳангофару фарҳангпарваранд, фарҳанги ғании муштарак доранд ва бузургони зиёди илму адаб, аз ҷумла Мавлавии Балху Мавлонои Ҷомро пирони маънавии хеш мешуморанд ва дар ҷашнҳои ин бузургони фарҳанги ҷаҳон, ки Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ доир намуд, Афғонистон низ иштироки фаъол дошт.

Бо таъкид ба ҳамкорӣ ва ҳамбастагиҳои ду кишвар ҷаноби Зуҳуроҳ гуфт: “Мо дар муносибат ба кишварҳои ҳамҷавор ҳамеша як ҳикмати машҳури халқамонро дар ёд медорем, ки мефармояд: «Хона нахар, ҳамсоя бихар». Ҷумҳурии Тоҷикистон бар он аст, ки ҳамсояҳои хуб дорад ва самимона мехоҳад, ки дар асоси ҳамҷавории нек ва нияту муносибатҳои ҳасанаи тарафайн барои фардои дурахшони хешу ҳамсояҳои хеш талош намояд.”

Раиси парламенти касбии мамлакат хамчунин таъкид намуд, ки мо дар ҳамдастӣ бо Афғонистон, Эрон ва дигар кишварҳои ҳавзаи Наврӯз ин ҷашни бузурги бостониамонро эҳё кардем ва инак, он бо қарори ЮНЕСКО дар сатҳи ҷаҳонӣ таҷлил мешавад. Ҳамроҳ ҷашн гирифтани Наврӯз дар Душанбе, Теҳрон ва Кобул натанҳо ба қаробати бештари кишварҳоямон мусоидат намуд, балки фарҳанги бостониамонро умри дубора бахшидаву ба хидмати ниёзҳои имрӯзи халқҳоямон сафарбар кард.

Раиси Вулуси ҷиргаи Шӯрои миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Абдулрауф Иброҳимӣ низ хостори густариши муносиботи парлумони кишвараш бо Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шуд ва таъкид дошт, ки Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи солҳои фаъолияти начандон зиёди худ дар минтақа ҳамчун парлумони муваффақ ном баровардааст ва истифода аз таҷрибаи қонунофарии парлумони Тоҷикистон барои такмили фазои қонунгузорӣ дар Афғонистон мусоидат хоҳад кард. Абдулрауфи Иброҳимй аз дастгирӣ ва пуштибониҳои пайвастаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз мавқеъ ва вазъияти Афғонистон дар созмонҳои байналмилалӣ ва ҷомеаи ҷаҳонӣ изҳори сипос намуда, таъкид кард, ки мо аз дӯстони тоҷик, бахусус Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бисёр розӣ ҳастем, ки ин кишвари дӯст ҳамеша барои таъмини амнияту субот дар кишвари мо ва барқарории харобиҳои баъдиҷангӣ бо пешниҳодҳои ҷолиб аз ҷомеаи ҷаҳонӣ ва созмонҳои байналмилалӣ содиқона даъват менамояд.

Дар мулоқот, ҳамчунин дар бораи ҳамкориҳои гуногунсоҳа, аз ҷумла равобити иқтисодӣ, иҷтимоӣ, энергетика, роҳу коммуникатсия, фарҳанг ва муносиботи зичи минтақаҳои наздисарҳадӣ изҳори назар карда шуд.

XS
SM
MD
LG