Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошту ҳабс бе "як занг", вакил ва эҳтимоли бегуноҳӣ


Вакил ва наздикони як боздоштшуда, ки мегӯянд, на ҳамеша имкони дастрасӣ ба ӯро доштаанд.
Вакил ва наздикони як боздоштшуда, ки мегӯянд, на ҳамеша имкони дастрасӣ ба ӯро доштаанд.

Созмонҳои ҳифзи ҳуқуқ мегӯянд, барои таъмини ҳуқуқи боздоштшудагон бояд ба Кодекси мурофиаи ҷиноии Тоҷикистон тағйирҳо ворид карда шавад.

Дар аксарияти кулли боздоштҳое, ки аз сӯи мақомоти қудратии Тоҷикистон сурат мегиранд, ҳуқуқи боздоштшудагон аз аввалин лаҳза поймол мешавад. Ин вазъро танҳо тағйири Кодекси мурофиаи ҷиноии Тоҷикистон метавонад дигар кунад. Ин матлаб дар як конфронси байнулмилалие садо дод, ки бо ибтикори Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо ва Анҷумани ҳуқуқшиносони Амрико ва бо иштироки намояндагони мақомоти қудратӣ, додгоҳӣ ва коршиносони дохиливу хориҷӣ баргузор шуд.

Зимнан, дар тамоми парвандаҳои ҷиноие, ки дар расонаҳо бозтоб мешаванд, ҳамеша аз боздошти ғайриқонунӣ ва нақзи Кодекси мурофиаи ҷиноӣ суҳбат мешавад. Вакили дифоъ Абдуқаюм Юсуфов тайи 15 соли охир дар даҳҳо парвандаи ҷиноӣ, аз ҷумла парвандаи пурсарусадои Ғаффор Мирзоев, собиқ фармондеҳи Горди миллии Тоҷикистон ширкат кардааст. Вай мегӯяд, ҳанӯз то боздошт ӯ ордер дошт, ки аз Мирзоев ҳимоят мекунад, аммо то боз шудани парванда аслан бо ӯ мулоқот карда натавонист: “Мақомот қаблан медонистанд, ки вакили дифоъ кӣ аст. Ӯро вақте боздошт карданд, бояд аввал маро даъват мекарданд. Пурсиши аввалин низ бо ширкати ман бояд мешуд. Аммо ин ҳамаро нодида гирифтанд. То эълони айб ҳамон замон ҳам бе вакили дифоъ бозпурсӣ шуда буд. Хулоса, қариб 99 дарсад чунин аст. Боздоштҳо бо нақзи Кодекси мурофиаи ҷиноӣ мегузаранд. Аз муфаттишон бастагии калон дорад. Қонун инро пешбинӣ накардааст, ки дар ҳолати зарурӣ вакили дифоъ бояд даъват шавад. Ӯ бояд аз аввал дар сари кор бошад.”

Аксари вакилони дифое, ки мо ҳамсӯҳбат шудем, бар ин нукта ишорат мекунанд ва мегӯянд, нафарони таҳти ҳимояташон бо нақзи қонун боздошт мешаванд ва азбаски ин шурӯи ҳамон парванда аст, ба мисли деворе, ки аз оғоз каҷ бунёд шудааст, то ба охир каҷ меравад.

Аз қабул шудани Кодекси мурофиаи ҷиноии Тоҷикистон, ки раванди мурофиаҳои ҷиноиро аз “А” то “Я” танзим мекунад, панҷ соли пурра мегузарад. Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, таҷрибаи ин панҷ сол нишон медиҳад, ки ин Кодекс ҳуқуқи инсонро, ки тибқи Сарқонуни Тоҷикистон арзиши олӣ шинохта мешавад, таъмин карда наметавонад, аз ин хотир, бояд тағйир дода шавад.

Ба қавли Наим Амирбеков, раиси Коллегияи адвокатҳои Тоҷикистон, Кодекс ба моддаи 19-и Сарқонуни Тоҷикистон, ки кафолат додааст, то як нафар бе асоси қонунӣ дастгир ё ҳабс нашавад, мухолифат мекунад, зеро бино ба моддаи 49 – и он, вакили дифоъ ё наздикони боздоштшуда танҳо пас аз иҷозати додгоҳ, додситонӣ ва муфаттиш метавонанд бо боздоштшуда ҳамон ҳам мулоқот кунанд: “Аммо ҳеҷ гоҳ чунин нест. Рӯзҳо мегузаранд, аммо санади боздошт, ки бояд тайи се соат таҳия шавад, омода намешавад ва ҳуқуқҳои боздоштшударо намефаҳмонанд. Вақте мепурсед, чаро ин корро накардед, муфаттишон мегӯянд, ки ӯро на боздошт, балки ҳозир кардаанд. Ана чӣ таърифе доранд, ки комилан ҳуқуқи конститутсионии шахсро нақз мекунад.”

Ба ҳамин минвол, ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, дар таҷрибаи худ борҳо дидаанд, ки боздоштшуда ё гумонбар аз “ҳаққи як занг” маҳрум аст, бидуни вакили дифоъ бозпурсӣ мешавад ва “эҳтимолияти бегуноҳӣ” – и аслан ба назар гирифта намешавад. Ба қавли онҳо, алайҳи гумонбар бояд тайи 12 соат парвандаи ҷиноӣ боз шавад, аммо мавориде будаанд, ки моҳҳо чунин набудааст.

Алишер Маҷидов, намояндаи Анҷумани ҳуқуқшиносони Амрико, пешниҳод кард, ки 10 моддаи Кодекси мурофиаи ҷиноӣ тағйир дода шавад, аз ҷумла як нафар баробари гумонбар шудан бояд бо вакили дифоъ таъмин гардад ва ахирӣ на пас аз боз шудани парвандаи ҷиноӣ, ки кодекс пешбинӣ кардааст, балки аз бозпурсии нахустин бояд дар канори боздоштшуда бошад: “Ҳоло мо аз рӯи кодекси қаблӣ кор мекунем. Кодекси кунунӣ ин заъфҳоро ба назар нагирифтааст. Инро ҳам, ки кормандони боздоштгоҳҳои муваққатӣ аз вакилони дифоъ кадом як санадҳоро талаб мекунанд, ки қонун пешбинӣ накардааст. Додситонӣ, ки масъулияти назорати қонунҳоро ба зимма дорад, бояд инро ҳам муайян кунад, ки оё кормандони боздоштгоҳҳои муваққатӣ кадом як қоидаҳои худро доранд, ки мо хабар надорем.”

Дар ҳамин ҳол, Додситонии кулли Тоҷикистон мегӯяд, ҳеҷ мавридеро расман сабт накардаанд, ки ҳуқуқи боздоштшуда аз ҷониби муфаттишони идораҳои корҳои дохилӣ, амнияти миллӣ ва дигар мақомоти қудратӣ дар амри дастрасии боздоштшуда ба вакили дифоъ монеъ шуда бошанд.

Муҳаммадризо Халифазода, сарвари Раёсати назорати иҷрои қонунҳо дар мақомоти корҳои дохилӣ ва назорати маводи мухаддир, мегӯяд, таъмини як нафар аз оғози боздошт бо вакили дифоъ имконнопазир аст, зеро аксарияти кулли онҳо расман эълон медоранд, ки ба ӯ эҳтиёҷ надоранд: “Худи қонунгузорӣ ҳолатҳоро мушаххас кардааст, ки кай бояд вакили дифоъ бошад, кай на. Аввал ин, ки ин ба хоҳиши ҳамон гумонбар вобаста аст. Аммо парвандаҳои ҷиноие ҳастанд, ки вазнинанд, ё ба ноболиғон рабт доранд. Қонунгузорӣ муайян кардааст, ки дар ин ҳолатҳо кай вакили дифоъ бояд ба парванда пайвандад. Дар дигар ҳолатҳо, масалан, аз имкониятҳои молии нафари боздоштшуда низ иштироки вакили дифоъ вобаста аст.”

Ҳомиёни ҳуқуқ ин нуктаро ҳам таъкид карданд, ки 99 дарсади иҷозаҳои боздоштро додгоҳҳо бидуни таҳқиқ содир мекунанд ва ин зарурат пеш омадааст, ки дар қонунгузорӣ ин ҳақ ба онҳо дода шавад. Намояндагони додгоҳ мегӯянд, иҷозаи боздоштро бар асоси низомномаи дохилии додгоҳҳо маҳз пас аз таҳқиқ содир мекунанд, аммо инро, ки бояд дар қонуни мурофиаи ҷиноӣ ин нукта зикр шавад, таъйид мекунанд.

Ҳамсуҳбатони мо аз ҷумлаи ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, такмил надодани Кодекси ҷиноӣ ба манфиати мақомот нест, зеро дасти онҳоро ба тақаллуби парвандаҳо кӯтоҳ мекунанд. Аммо мақомот мегӯянд, такмили Кодекс ва фароҳам кардани бароварвазнӣ дар парвандаҳо ҳолатеро ба вуҷуд меорад, ки як гумонбар метавонад дар хона нишаста, ба муфаттиш амр диҳад, ки наздаш ояд.

Ҳоло суол аз хонандаи арҷманд, ки агар дар зиндагии худ боре боздошт шудаед, ҳуқуқи Шумо аз аввал таъмин будааст? Аз оғоз оё вакили дифоъ доштед ва тавонистед, ки бо истифода аз ҳуқуқи як занг ба хонадони худ хабар диҳед ва тафтишот эҳтимоли бегуноҳии Шуморо дар назар доштааст? Лутфан дар ҳошияи ин матлаб таҷрибаҳои худро бинависед.

XS
SM
MD
LG