Пайвандҳои дастрасӣ

Лукашенко муносибати Русия ба тавлидоти белорусиро "ношоиста" хонд


Александр Лукашенко, раисиҷумҳури Белорус, дар як ҷаласаи ҳукуматӣ рӯзи 3 декабр изҳор намуд, ки Русия бо манъи содироти тавлидоти корхонаҳои белорусӣ рафтори ношоиста ва қарордодҳои дар чаҳорчӯби Иттиҳодияи гумрукӣ қабулшударо нақз кардааст. Дар ин бора хабаргузории БЕЛТА иттилоъ дод.

Охири моҳи гузашта масъулони муассисаи давлатии “Росселхознадзор”-и Русия дар шарҳи тафтиши мӯшикофонаи ҳама тавлидоти ширӣ ва манъи содироти гӯшти Белорус тавассути хоки Русия ба кишварҳои сеюм гуфтанд, ки маҳдудиятҳо аз 30 ноябр ҷорӣ мешаванд ва фақат ба маҳсулоти ба феҳристи таҳримҳои ҳукумати Русия воридшуда дахл хоҳанд дошт. Лукашенко ин иттиҳомро рад намуд, ки гӯё бархе давлатҳои аврупоӣ тавассути Белорус тавлидоташонро вориди Русия мекунанд.

Як моҳ пеш Маскав ин муассисаи русӣ вуруди тавлидоти корхонаи гӯшти шаҳри Минскро манъ карда буд. Масъулини “Росселхознадзор” эълом доштанд, ки дар ҳасиби ин корхона геноми вабои африқоии хук ошкор шудааст.

Чанд рӯз пеш Александр Лукашенко жар сӯҳбат бо волии Сант-Петербург ҳам аз ин тасмими "Росселхознадзр" шадидан интиқод карда буд.

Русия, Қазоқистон ва Белорус – аъзои Иттиҳодияи гумрукиянд ва барои таъсиси Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё тасмим гирифтаанд, ки қарор аст аз моҳи январи соли 2015 ба фаъолият шурӯъ кунад.

XS
SM
MD
LG