Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

“Театр.doc”, ки як намоишномааш ба се муҳоҷири тоҷик ҷоизаи бонуфузи театрии Русия “Ниқоби тиллоӣ”-ро оварда буд, “ғарибу ломакон” мешавад

Шаҳрдории Маскав аз “Театр.doc” талаб кардааст, ки таҳхона дар як манзили зисти воқеъ дар тангкӯчаи Трехпруднийро тарк кунад.
Дар ин бора раҳбари театр Елена Гремина рӯзи 3 декабр дар саҳифааш дар Фейсбук хабар дод ва афзуд, ки тарки фаврии таҳхона – посухи шаҳрдорӣ ба дархости онҳо барои тамдиди мӯҳлати иҷора буд.

Масъулини “Театр.doc” аз шаҳрдорӣ ҳамчунин талаб карда буданд, ки ба онҳо барои рафъи камбудиҳои ошкоршуда дар таҳхона чанд муддат вақт диҳанд.

Ду моҳ пеш масъулини шаҳрдори Маскав аз “Театр.doc” хостори тарки бинои таҳхона тшуда буданд. Раёсати молу амволи шаҳрдорӣ бо далели “азнавсозии ғайриқонунии таҳхона” қарордод бо театрро лағв кард. Аз “Театр.doc” ҳунармандони маъруфи кишварҳои гуногун, аз ҷумла, драмнависи бритониёвӣ Том Стоппард, мунаққаиди театр аз Амрико Ҷон Фридман, ҳунарманди рус Оксана Мисина, Иттиҳодияи адибони Русия, раҳбарони бадеии театрҳои академии Маскав ва 200 драмнависи рус пуштибонӣ карданд, зери матни муроҷиат ба шаҳрдори Маскав Сергей Собянин барои дифоъ аз театр шашу ним ҳазор истифодабарандагони интернет имзо гузоштанд. Аммо ба назар мерасад, ки ин ҳама ҳимояту пуштибонӣ дили масъулини шаҳрдориро нарму гарм накардааст.

“Театр.doc”, аз театрҳои ангуштшумор аст, ки дар жанри мустанад фаъолият мекунад ва бештари намоишномаҳояш дар пояи саргузаштҳои воқеъӣ ва сарнавишти одамони гуногун ба саҳна гузошта мешаванд. Яке аз намоишномаҳои “Соати 18” аз соатҳои ахири умри ҳуқуқшинос Сергей Магнитский, ки дар як боздоштгоҳи Маскав ба ҳалокат расида буд, қисса мекунад.

Зимнан, як намоишномаи “Театр.doc” моҳи апрели соли равон ба се муҳоҷири тоҷик Покиза Қурбонҳусейнова, Аҷам Чаккабоев ва Абдулмамад Бекмамадов, ҳамчунин бо муаллифу ҳунарпешаҳои дигари намоишномаи “Оқин-опера”-и Всевоволод Лисовский ҷоизаи бонуфузии театрии “Золотая маска” (“Ниқоби тилоӣ”)-ро овард. Онҳо амалан нахустин ҳунарпешаҳои тоҷиканд, ки сазовори ин ҷоизаи мӯътабари театрии Русия шуданд. Расми эътои ҷоизаҳои “Ниқоби тилоӣ” рӯзи 18 апрел дар Болшой Театр доир шуда буд.

Аҷам Чаккабоев дар намоишномаи "Театр.дос"

Аҷам Чаккабоев дар намоишномаи "Театр.дос"

Покиза Қурбонҳусейнова, Аҷам Чақабоев ва Абдулмамад Бекмамадов дар солҳои 90 дар Тоҷикистон дар театри Хоруғ бозӣ мекарданд. Покиза як муддат собиқаи кор дар театри “Ганҷина”-и Душанберо ҳам доштааст, вале ҳарсе бо амри тақдир дар соли 2000 ба Русия муҳоҷират кардаанд ва маъмулан ин ҳама сол дар инҷо ягон кори сиёҳеро анҷом медоданд. Аҷаму Абдулмамад дар сохтмон ва Покиза ба ҳайси фаррош кор мекарданд. Соли 2009 ишқи театр онҳоро ба “Театр.doc” овард.

Қаҳрамонҳои тоҷики "Оқин-опера" дар ин намоиш аз саргузаштҳои худ дар Тоҷикистон ва Русия қисса мекунанд ва дар лобалои ин қиссаҳои талху ғамангез бо созҳои миллӣ таронаҳо низ маҳзунеро иҷро мекунанд. “Оқин-опера” сужаи собите надорад, балки дар бештари мавридҳо бадоҳатан иҷро мешавад ва бозигаронаш дар саҳна он чиро бозӣ мекунанд, ки ҳамон лаҳза аз зеҳни онҳо мегузарад.

XS
SM
MD
LG