Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти шаҳрванди Қирғизистон бо маводи мухаддир дар Шуғнон


Кормандони Раёсати Оҷонсии назорати маводи мухаддири вобаста ба раёсатҷумҳурии Тоҷикистон дар Бадахшон дар ҳамкорӣ бо Раёсати вазорати корҳои дохилии ин вилоят дар ноҳияи Шуғнон як шаҳрванди 52-солаи Қирғизистонро боздошт карданд, ки аз борхалтаи варзишиаш наздик ба 17 килограм ҳашиш ёфт шудааст. Хушнуд Раҳматуллоев -- намояндаи Оҷонсии мубориза бо қочоқи маводи мухаддир рузи 3 декбар ба радиои Озодӣ гуфт, эҳтимол меравад ин шаҳрванди Қирғизистон узви як шабакаи фаромилии қочоқи маводи мухаддир бошад. Вай озими шаҳри Ош буд ва акнун дар боздоштгоҳи мувақатии Оҷонсӣ дар Хоруғ нигоҳдорӣ мешавад.

XS
SM
MD
LG