Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Курби рубли русӣ дар баробари доллару евро боз коҳиш ёфт


Қурби доллари амрикоӣ дар баробари рубли русӣ боз боло рафт ва то 55 рубл барои як доллар расид. Дар ҷараёни хариду фурӯш дар Биржаи саҳҳоми Маскав рӯзи 3 декабр, қурби як евро то 67-у ним рубл афзоиш ёфт.

Як рӯз пеш вазорати рушди иқтисоди Русия пешгӯиҳоеро нашр намуд, ки бар пояи онҳо, иқтисоди кишвар соли 2015 тақрибан як дар сад пойин хоҳад рафт. Қаблан вазири рушди иқтисод Алексей Улюкаев изҳор карда буд, ки рушди иқтисоди Русия соли оянда як дар садро ташкил хоҳад дод.

Пойинрафти қурби рубл ва аз рушд бозмондани иқтисодии Русия бо таҳримҳои Ғарб алайҳи Маскав ва коҳиши қимати нафт дар бозори ҷаҳонӣ рабт дода мешавад.

Хабаргузориҳо рӯзи 3 декабр навиштанд, ки Бонки Миллии Русия шурӯъ аз аввалҳои моҳи ноябр ба хотири ҷилавгирӣ аз коҳиши қурби рубл 700 миллион долларро фурӯхтааст.

XS
SM
MD
LG