Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Керрӣ: Эътилоф то пирӯзӣ алайҳи "Давлати исломӣ" мубориза мебарад


Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷии ИМА, мегӯяд, Эътилофи алайҳи гурӯҳи “Давлати исломӣ” таъсискардаи Амрико дар ҳама ҷабҳаҳо пеш хоҳад рафт ва дар ин маърака то пирӯзӣ ширкат хоҳад кард.

Изҳороти ӯ рӯзи 3 декабр дар сӯҳбат бо хабарнигорон дар Брюссел қабл аз шурӯи нишасти вазирони умури хориҷии тақрибан 60 кишвари узви Эътилофи алайҳи гурӯҳи “Давлати исломӣ” пахш шуд. Қарор аст, ки дар ин нишаст мавзӯи пешрафт дар мубориза бо ситезаҷӯён баррасӣ ва стратегияи нав алайҳи “Давлати исломӣ” таҳия шавад.

Ҷон Керрӣ афзуд, ки Амрико пайваста роҳҳои муассири мубориза бо ситезаҷӯёнро меҷӯяд ва умедвор аст, ки бархӯрди ҳамаи кишварҳои узви Эътилоф ҳамин гуна хоҳад буд.

Ба гуфтаи раҳбари идораи сиёсати берунаи Амрико, бар асари амалиёти гурӯҳи “Давлати исломӣ”, ки бахше аз қаламрави Сурияву Ироқро ишғол кардааст, ҳамарӯза мардуми зиёде кушта мешаванд. Ӯ афзуд, ки ситезаҷӯён аъмоли худро "ҷиҳод" мехонанд, дар ҳоле, ки ҳама уламо ва рӯҳониёни аршади мусалмон аъмоли онҳоро маҳкум мекунанд.

XS
SM
MD
LG