Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафири Эрон дар Яман аз таркиш ҷон ба саломат бурд


Сафорати Эрон дар Санъо
Сафорати Эрон дар Санъо

Мақомоти амниятии Яман дар бораи таркиши мошини ҳомили маводи мунфаҷира дар канори манзили сафири Эрон дар Санъо, пойтахти кишвар, хабар доданд.

Бар асари таркиш, ки рӯзи 3 декабр дар минтақаи дипломатӣ рӯй дод, ба сафири Эрон Ҳасан Сайид Ном осебе нарасидааст, зеро ӯ дар манзилаш набуд.

Як корманди амниятӣ ба хабаргузории Рейтер гуфт, ки ҳамларо маргталаб анҷом додааст ва бар асари он чанд тан аз муҳофизони бино кушта шудаанд. Ба навиштаи хабаргузории Ассошиэйтед Пресс, дар ин ҳодиса дасти кам ду тан аз муҳофизони бино ҷон бохтанд ва ба чанд бинои атроф осеби ҷиддӣ расидааст.

Масъулияти ҳамларо то ҳол гурӯҳе бар ӯҳда нагирифтааст.

XS
SM
MD
LG