Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама номзадии Картерро ба мақоми вазири дифои ИМА пешбарӣ мекунад


Намояндагони Кохи Сафед эълом доштанд, ки қарор аст раисиҷумҳур Барак Обама ба зудӣ номзадии Эштон Картерро ба мақоми вазири дифои Амрико пешбарӣ кунад. Ӯ дар ин мақоми раҳбари Пентагон Чак Ҳайгелро иваз мекунад, ки ҳафтаи гузашта бар асари ихтилофи назар бо Обама дар бархе масоили низомӣ мақомашро тарк намуд. Ҳейгел тақрибан ду сол вазири дифои Амрико буд.

Эштон Картер аз соли 2009 то соли 2011 масъули харидани силоҳ барои артиш буд ва ӯ тавлиди силоҳу зиреҳпӯшҳоеро тезонд, ки нерӯҳои амрикоиро аз минаҳои сарироҳӣ дар ҷангҳои Афғонистону Ироқ ҳифз мекарданд. Ӯ аз соли 2011 то моҳи декабри соли 2013 - муовини аввали вазири дифоъ буд. Аммо Картер, ки зимнан, қарор аст чаҳорумин вазири дифоъ дар аҳди Обама шавад, таҷрибаи кори низомиро надорад.

Эштон Картер дар ҳоле ба мақоми раҳбарии Пентагон пешбарӣ шудааст, ки Амрико бо мушкили афзоиши қудрати гурӯҳи “Давлати исломӣ” дар Ироқу Сурия, таҷовузи Русия болои Украина, талошҳои на он қадар муваффақи ҷилавгирӣ аз дастёбии Эрон ба силоҳи ҳастаӣ ва ҳарчӣ болотар рафтани нуфузи низомиву сиёсии Чин мувоҷеҳ аст.

XS
SM
MD
LG