Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бознигарии парвандаи рӯзноманигор Қамари Аҳрор


Додгоҳи вилояти Суғд бознигарии парвандаи хабарнигори нашрияи “Нигоҳ” -- Қамари Аҳрорро оғоз кард, ки ҷинояти маъмурӣ айбдор ва 120 сомонӣ ҷарима шудааст. Вакили мудофеъи рузноманигор Файзиниссо Воҳидова рузи чоршанбе ба радиои Озодӣ гуфт, додгоҳ бояд камбудиҳоои парванда ва мурофиаро баррасӣ кунад. “Ҳангоми баррасии парвандаи мазкур раискунандаи мурофиа шикояту аризаҳои ҷабрдида Қамари Аҳрорро ба тарафи дигари баҳскунанда надодааст ва дар ҷараён нагузоштааст,ва боз чанд камбудиҳои мурофиавӣсодир шудааст,ки бояд додгоҳи Хуҷанд ислоҳ намуда парвандарро ба Додгоҳи вилоятӣ ирсол дорад, ” -- мегӯяд вакил.

Худи рӯзноманигор Қамари Аҳрор мегуяд, ки ба ҳалномаи Додгоҳи Хуҷанд дар нисбаташ , ки мутобиқи банди 479 -и Кодекси мурофиавии Тоҷикистон маводи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ уро 120 сомонӣ ҷарима бастаанд комилан норозӣ аст ва ба ҳеҷ сурат ин айбномаро қабул надорад. Пулиси шаҳри Хуҷанд даъво дошт, ки рӯзноманигори минтақавии нашрияи “Нигоҳ” ва Оҷонсии иттилоотии “Тоҷнюс” рӯзи 6 августи соли равон, ҳангоми баргузории мусобиқаи байнулмилалии муштзанӣ дар толори варзишии марказии вилояти Суғд, аз иҷрои амри кормандони пулис, ки ба вай аз масофаи наздик ба саҳна (ринг) наворбардориро манъ карданд, сарпечӣ кардааст. Дар пайи он кормандони пулис ӯро аз толор ба идораи худ бурда, алайҳаш мутобиқи банди 479 -и Кодекси мурофиавии Тоҷикистон маводи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб додаанд. Қамари Аҳрор мегӯяд, ки даъвои пулис сохта аст ва ӯ зимни наворбардории муштзании Мавзуна Чориева бо ҳарифаш аз Узбакистон танҳо вазифаи касбии худро иҷро мекард ва ба ҳеҷ гуна нақзи қонун роҳ надодааст.

XS
SM
MD
LG