Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Узбакистон ҳавопаймоҳои бесарнишинро мамнуъ эълон кард


Узбакистон воридот, фурӯш ва истифода аз ҳавопаймоҳои бесарнишинро мамнуъ эълон кард. Сабаби чунин тасмим масъалаҳои амниятӣ арзёбӣ шудааст.

Бино ба гузоришҳои матбуотӣ, Шавкат Мирзиёев-нахуствазири ин кишвар дар ин бора 1 декабр фармонеро имзо кардааст ва он аз 1 январи соли 2015 эътибор пайдо мекунад.

Дар гузоришҳо гуфта мешавад, ки сабаби чунин тасмим амнияти парвозҳо ва пешгирӣ аз парвозҳои ғайримуҷоз дар фазои Узбакистон будааст.

Ин фармон ба Вазорати корҳои дохилаи Узбакистон, Кумитаи давлатии марзбонӣ ва ба Кумитаи давлатии андоз ва ба Кумитаи давлатии гумрук дахл дорад.

Ба матбуоти давлатӣ ва мақомоти расмӣ гуфтаанд, ки ин фармонро ба шаҳрвандон тавзеҳ диҳанд ва аз оқибатҳои истифодаи ҳавопаймоҳои бидуни сарнишин ва оқибатҳои истифодаи он огаҳ созанд. Вале дар бораи оқибатҳои он чизе нагуфтаанд.

XS
SM
MD
LG