Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

“Asian Express Airline” Хуҷандро бо Ростов васл мекунад


Ширкати ҳавонавардии ““Asian Express Airline”,” парвозҳои нави худро аз Хуҷанд ба Ростови лаби Дон сар мекунад. Ин парвозҳо моҳе се бор бо ҳавопаймои “Boeing 737-400”, ки 162 мусофирро мегунҷонад, анҷом дода мешаванд. “Asian Express Airline” бахше аз ҳолдинги “Kont group Tajikistan”мебошад, ки якҷо бо ширкатҳои “Коntgroup investment”, “Asian Express Terminal” ва “Kont tourism Tajikistan” ба миллиардери эронӣ Бобаки Занҷонӣ рабт дода мешавад. Ҷониби Эрон борҳо гуфтааст, ки Бобаки Занҷонӣ ба Тоҷикистон бештар аз 2 миллиард евро интиқол додааст. Аммо Тоҷикистон ин иддаоро рад мекунад.

XS
SM
MD
LG