Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти чор узви як гурӯҳи ҷиноӣ дар Тоҷикистон


Дар пайи амалиёти давомдори кормандони Хадамоти гумруки Тоҷикистон як гурӯҳи қочоқбари маводи мухаддир безарар ва чор узви он боздошт шудааст. Тибқи иттилои дафтари матбуоти Хадамоти гумуруки Тоҷикистон, ки рӯзи сешанбеи 2 декабр нашр кард, ин гурӯҳи қочоқбар аз ҷониби кормандони раёсати минтақавии Хадамоти гумруки Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода боздошт гардидааст, ки миёни онҳо раҳбари гурӯҳ, сокини 42 сола ва зодаи ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон низ ҳаст. Ба иттилои ин манбаъ ин фард дар гузашта барои қочоқи маводи мухаддир зиндонӣ шуда буд. Ин манбаъ афзуд, дар пайи амалиёти кормандони Хадамоти гумрук дар шаҳри Турсунзода, ки марҳала ба марҳала сурат гирифт, аз гардиши ғайриқонунии беш аз 28 кило маводи мухаддир ҷилавгирӣ шудааст. Зимнан, нисбати ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шуда ва таҳқиқ идома дорад.

XS
SM
MD
LG