Пайвандҳои дастрасӣ

Русия аз сохтмони лулаи гази Ҷануб даст кашид


Владимир Путин-раиси ҷумҳури Русия эълон кард, ки кишвараш аз сохтмони лулаи гази самти Ҷануб даст хоҳад кашид, зеро Иттиҳодияи Аврупо бо сохтмони он мухолиф аст. Путин ин нуктаро дар Анкара 1 декабр баъд аз мулоқоташ бо Реҷеп Тайип Эрдуғон-раиси ҷумҳури Туркия баён дошт.

Путин гуфт, ба ҷои ин лулаи газ Русияву Туркияметавонанд барои ҷануби Аврупо дар наздикиҳои марзи Туркияву Юнон лулаи газ бисозанд.

Лулаи гази самти Ҷануб, ки чанд миллиард доллар арзиш дорад, бояд аз зери Баҳри Сиёҳ ба Булғористон мегузашт ва ба Италияву Маҷористон ё Венгрия ва Австрия мерафт. Вале Путин гуфт, ки ба сабаби мухолифати ҳукумати Бугғористон ба ин тарҳ сохтмони он боздошта мешавад.

Раиси ҷумҳури Русия аз “мавзеъгирии ғайрисозанда”- и Иттиҳодлияи Аврупо нисбат ба ин тарҳ интиқод кард.

XS
SM
MD
LG