Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳизбҳои ғарбгарои Молдова эътилофи ҳукмронро ташкил мекунанд


Дар Молдова се ҳизби ғарбгаро, ки бар пояи хабари пешакӣ дар интихоботи парлумонӣ баранда шудаанд, рӯзи 1 декабр ба машваратҳо дар бораи ташкили фраксия ё ҷиноҳи ҳукмронро шурӯъ карданд. Раиси ҳизби либерал-демократӣ, нахуствазири собиқ Влад Филат ба хабарнигорон гуфт, ки ҳизби ӯ бо ҳизби демократи Мариан Лупу ва ҳизби либерали Михай Гимпу вориди музокирот шудааст. Ин аҳзоб беш аз 44 дар сади раъйҳоро соҳиб шудаанд ва 54 мандат аз 101 мандати парлумонро дар ихтиёр хоҳанд дошт.

Ба гуфтаи Филат, ягона мавзӯе, ки мавриди муҳокима қарор нахоҳад гирифт – гароиши Молдова ба Иттиҳодияи Аврупост.

Ду ҳизби русгаро - ҳизби сотсиалистии Игор Додон, ки дар сабқати интихоботӣ дар мақоми аввал аст ва ҳизби коммунист, дар маҷмӯъ 39 дар сади раъйҳоро ба даст овардаанд.

Ба пояи натоиҷи пешакии интихоботи рӯзи якшанбе, ягон ҳизб тавони бидуни эътилоф бо дигар аҳзоб ташкил кардани ҳукуматро надорад.

Дар овоздиҳӣ тақрибан 56 дар сади афроди соҳиби ҳаққи раъй ширкат доштанд.

Ҳукумати Молдова имсол созиши ҳамгироӣ бо Иттиҳодияи Аврупоро имзо кард ва аз ҳаққи равуои бидуни раводид бо кишварҳои аврупоӣ бархӯрдор шуд. Ҳамзамон Иттиҳодияи Аврупо мегӯяд, ки аз сатҳи баланди фасод дар Молдова нигарон аст.

Русия содироти тавлидоти кишоварзӣ аз Молдоваро манъ кард, ки зарбаи ҷиддие ба иқтисоди Кишинев шуд.

XS
SM
MD
LG