Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СММ: Хатари паҳншавии Эбола дар сайёра боқӣ мондааст


Хатари паҳншавии маризии Эбола дар сайёра ҳанӯз ҳам боқӣ мондааст. Дар ин бора Энтонӣ Барберӣ, раиси ҳайати СММ оид ба ҷилавгирӣ аз хатари Эбола дар Африқои Ғарбӣ, рӯзи 1 декабр хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, СММ мехоҳад зери карантин ва назорати табибон қарор гирифтани дасти кам 70 дар сади афроди мубтало ба маризӣ ва сари вақт ба хок супурдани ҷасадҳои дасти кам 70 дар сади аз Эбола даргузаштаҳоро таъмин кунад.

Ба гуфтаи Барберӣ, ба ин аҳдоф дар бисёр мавзеъҳое, ки маризии Эбола хурӯҷ кардааст, муваффақ шудаанд.

Бар пояи иттилои ахири Созмони ҷаҳонии беҳдошт, теъдоди қурбониёни Эбола ба 7 ҳазор нафар расид.

Маризии Эбола асосан дар се кишвари Африқои ғарбӣ – Гвинея, Либерия ва Сиерра-Леоне хурӯҷ кардааст.

XS
SM
MD
LG