Пайвандҳои дастрасӣ

ҲНИТ алайҳи шаҳрдории Хуҷанд ба додгоҳ шикоят мебарад


Масъулони бахши суғдии ҲНИТ мегӯянд, ки ҷиҳати рӯёнидани маблағи бинои дафтари аз сӯи ҳукумат харобгаштаи худ ва замин барои бунёди иншооти нав, ба додгоҳ муроҷиат хоҳанд кард. Мирзои Ҳоҷимуҳаммад, муовини раҳбари бахши суғдии ҳизби мазкур ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ба ин иқдоми ниҳоӣ, онҳоро посухи расмии шаҳрдории Хуҷанд водор мекунад. Вай афзуд, дар он гуфта шудааст, ки дар тарҳи куллии шаҳрдории Хуҷанд, ки соли 2010 аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон тасдиқ шуда буд, ҷое барои сохтмони дафтари Ҳизби наҳзати исломӣ ҷудо карда нашудааст. Ҳамчунин, шаҳрдорӣ дар ҳоли ҳозир барои пардохти ҷуброни бинои ҳизбии тахрибкардааш дар хазина маблағ надорад.

Дар ҳоле ки ба ақидаи масъулони Ҳизби наҳзати исломӣ, мутобиқи Қонун дар бораи замин, мақомоти масъул 1 сол пеш аз хароб кардани ҳар иншоот, молики онро дар ҷараён гузорад, маблағи арзиши онро ҷуброн ва барои сохтани иншооти нав замин ҷдо кунад.

Шаҳрдоррии Хуҷанд моҳи июни соли равон иншооти дафтари бахши суғдии ҲНИТ, воқеъ дар маҳаллаи 20- уми шаҳри Хуҷандро хароб карда буд. Мақомот ин амрро тибқи нақшаи кулли шаҳр номида, мегуфтанд, ки иншооти ҳамвазнерро ба ҳизби мазкур пешниҳод хоҳанд кард ва ё ҷиҳати бунёди дафтари нав замин хоҳанд дод. Билохира, мақомот охири ҳафтаи гузашта дар посухи расмӣ ба дархости ҳизби мазкур гуфтааст, дар ҳоли ҳозир ба иҷрои ҳеҷ кадом аз ин корҳо қодир нест.

XS
SM
MD
LG