Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пойгоҳи Русия дар Норак ба ҳолати ҷангӣ дароварда мешавад


Озмоиши таҷҳизоти нав дар пойгоҳи "Окно-М"-и Русия дар Нораки Тоҷикистон ба поён расида, акнун он ба ҳолати ҷангӣ дароварда мешавад.

Фармондеҳи Нерӯҳои дифои ҳавоӣ ва кайҳонии Русия, генерал-лейтенант Александр Головко эълом дошт, ки Маркази назорати кайҳонии "Окно-М"-и Русия дар Тоҷикистон бо таҷҳизоти нави оптикию электронии замонавӣ таъмин шуда, акнун бо ҳолати пурраи ҷангӣ дароварда мешавад. Озмоиши таҷҳизоти нав дар ин пойгоҳ аввали моҳи июни соли равон шурӯъ шуда, чанде пеш ба поён расидааст.

“Окно-М” бахше аз Шабакаи назорати фазои кайҳонии Русия ба шумор рафта, дар маҷмӯъ аз 10 истгоҳ иборат аст. Вале дар моҳи марти соли 2004, баъди аз Тоҷикистон ба Русия гузаштани ҳаққи моликият ба ин пойгоҳтанҳо як қисми истгоҳҳои “Окно-М” ба “навбатдорӣ”, яъне ба назорати ҷирму ҷинсҳои кайҳонӣ шурӯъ карданд. Тайи ин 10 сол маркази назорати кайҳонии “Окно-М” беш аз 9000 ҷирму ҷинси кайҳониро ташхис ва рӯйхат кардааст.

Маркази “Окно-М”, ки қаблан “Норак” номида мешуд ва дар сари ағбаи Шар-шар, бар фарози обанбори Норак ҷойгир аст, дар соли 2004 ба ивази 242 миллион доллар қарзи Тоҷикистон ба Русия дода шуд. Бино бар созишномае, ки он вақт раисони ин ду ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин имзо карданд, тамоми қаламрави ишғолкардаи пойгоҳ аз тарафи Русия бо нархи рамзии 1 сомонӣ дар сол иҷора гирифта шудааст.

Изҳороти фармондеҳи Нерӯҳои дифои ҳавоӣ ва кайҳонии Русия, генерал-лейтенант Александр Головко дар рӯзи иди таъсиси ин нерӯҳо -- 1-уми декабр садо дод. Нерӯҳои мазкури Русия дар ин рӯз соли 2011 расман бунёдгузорӣ шудаанд.

XS
SM
MD
LG