Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаи маргталабона дар ҷанозае дар Бағлон 9 кушта бар ҷой гузошт


Ҳамлаи маргталабона дар як маросими ҷаноза дар вилояти Бағлон, воқеъ шимоли Афғонистон, боиси ҳалокати дасти кам нӯҳ нафар шуд.

Мақомоти маҳаллӣ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, миёни қурбониёни ҳамла, ки рӯзи 1 декабр дар як маросими ҷаноза дар волусволии Бурка сурат гирифт, ду корманди полис низ ҳастанд. Дасти кам 18 нафар ҷароҳат бардоштанд.

Тоҷ Муҳаммад Тақво, волусоли Бурка, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ тасдиқ кард, ки ҳадафи ҳамла ӯ ва дигар мансабдорони маҳаллӣ буданд.

Ҳамлаи террористӣ дар ҳоле рӯй дод, ки қарор аст раҳбарони нави Афғонистон ин ҳафта дар конфаронси байнулмилалӣ дар Лондон тарҳи ҷадиди таъмини субот ва эҳёи иқтисоди Афғонистонро ироа кунанд.

Масъулияти ҳамларо гурӯҳ бар ӯҳда нагирифтааст, аммо мақомоти Афғонистон ангушти иттиҳом сӯи “Толибон” кардаанд, ки дар арафаи хуруҷи нерӯҳои байнулмилалӣ аз Афғонистон ҳамлаҳо ба кормандони амниятии кишварро афзоиш додааст.

XS
SM
MD
LG