Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Комиссари ҳарбии ноҳияи Ёвон дар таркиш кушта шуд


Акси лӯлаҳои оби гарм аз бойгонӣ
Акси лӯлаҳои оби гарм аз бойгонӣ

Комиссари ҳарбии ноҳияи Ёвон подполковник Дилшод Азимов рӯзи шанбеи 29-уми ноябр дар маҳаллаи "Каратегинский"-и шаҳри Душанбе бар асари таркиши лӯлаи оби ҷӯш дар манзили зисташ ба ҳалокат расидааст.

Комиссари ҳарбии ноҳияи Ёвон Дилшод Азимов, подполковник рӯзи шанбеи 29-уми ноябр бар асари таркиши лӯлаи оби ҷӯши шабакаи гармидиҳии хонааш дар маҳаллаи Қаротегини шаҳри Душанбе ба ҳалокат расидааст. Ҳамсоягон ва наздикони ӯ мегӯянд, ҳодиса дар натиҷаи муносибати беэҳтиёт бо шабакаи гармидиҳии манзили зисти ҷаноби Азимов ба амал омадааст.

Як манбаъ аз комиссариати ҳарбии ноҳияи Ёвон рӯзи 1 -уми декабр ба Радиои Озодӣ хабар дод, ки Азимов шаби шанбе ба якшанбе дар манзили зисташ бар асари таркиш ба ҳалокат расид ва ронандаи ӯ захмӣ шуд. Ба гуфтаи ин манбаъ ронандаи Азимов ҳоло дар беморхона зери муоинаи табибон қарор дорад. Бино бар гуфтаи як манбаи дигар Азимов ва ронандааш хостаанд, шабакаи гармидиҳии манзили зисти Азимовро тармим кунанд ва ба кор андозанд, аммо ин ҳам дар ҳоле ки дар лӯлаҳо оби ҷӯш дармонда будааст. Ҳангоми боз кардани лӯла фаввори оби ҷӯш ба сару рӯйи Азимов ва ронандааш бархӯрдааст. Мақомоти расмӣ дар бораи ҳодиса ҳанӯз иттилоъ надодаанд.

Дишлод Азимов рӯзи якшанбеи 30-юми ноябр дар қабристони маҳаллаи Қаротегин шаҳри Душанбе ба хок супурда шуд. Азимов аз соли 2012 ба ҳайси Комиссари ҳарбии ноҳияи Ёвон иҷрои вазифа мекард.

XS
SM
MD
LG